Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳодати Нетаняҳу дар робита ба қазияи Новгони Озодӣ


Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил
Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил

Рӯзи душанбе сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ба суолҳои комиссияи таҳқиқи куштори нуҳ фаъоли сулҳи Туркия ҳангоми амалиёти нерӯҳои таъйиноти хоси ин кишвар посух дод. 31-уми май сарбозони исроилӣ болои киштиҳои корвони сулҳ, ки озими минтақаи Ғазза буданд, ҳамла роҳандозӣ намуда, равобити дипломатии Исроилу Туркияро бо бунбаст мувоҷеҳ карданд.

Нетаняҳу: Амали нерӯҳои Исроил қонунӣ буд

Сарвазир Нетаняҳу аввалин мақоми баландпояи Исроил аст, ки дар иртибот бо ҳамла бо корвон шаҳодат медиҳад. Сарвазири Исроил мегӯяд, нерӯҳои исроилӣ тибқи қонунҳои байналмилалӣ амал намуда, ба киштиҳои корвони сулҳ имкон надоданд, таҳрими баҳрии минтақаи Ғаззаро рахна кунанд.

31 май дар паи муҳосираи корвони сулҳ нерӯҳои таъиноти хоси Исроил аз чархбол ба киштӣ фаромаданд. Дар бархӯрде, ки ҳангоми ин амалиёт ба вуқӯъ пайваст, нуҳ фаъоли ҳуқуқи башари Туркия ба ҳалокат расиданд. Нетаняҳу ба аъзои комиссия гуфт, "ӯ наметавонист хатареро, ки ба Исроил таҳдид менамояд, нодида гирад".

Ба қавли сарвазири Исроил, тибқи нақшаи ташкилкунандагони корвони сулҳ, аз кумакҳои корвон ҷангҷӯёни Ҳамос, ки минтақаи Ғаззаро таҳти тасарруф қарор додаанд, баҳрабардорӣ мекарданд. Ҷои ёдоварист, ки Ҳамос расман ҳаққи мавҷудияти Исроилро эътироф намекунад.

Ҳамлаи нерӯҳои Исроил ба корвони борҳои башардӯстона равобити дипломатии Исроил бо Туркияро ба бунбаст мувоҷеҳ кард
"Фаъолони сулҳ низоъ меҷӯстанд"?


Сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Исроил Марк Регев дар шаҳри Байтулмуқаддас гуфт, сарвазир мавқеи ҳукуматро возеҳ ташреҳ дод ва афзуд, ки қабл аз ҳаракати корвони сулҳ, яъне қабл аз 31 май, Исроил тамоми чораҳоро андешид, то аз вуқӯи бӯҳрон ҷилавгирӣ ба амал ояд. Регев илова кард:

"Мо ба тамоми ҳукуматҳои манфиатдори минтақа хабар дода будем, ки кумакҳояшон ба таври осоиштаву сулҳомез ба воситаи бандари исроилии Ашдод ва ё бандари ал-Ариши Миср ба минтақаи Ғазза интиқол дода мешаванд. Мутаассифона, мардуми киштӣ ҷонибдори ҳалли осоишта набуданд, онҳо низоъ меҷӯстанд."

Бо фармони додгустарии мустаъфӣ Яков Тиркел, бахши бузурги шаҳодати Нетаняҳу дар ҳузури хабарнигорон сурат гирифт, вале вақте суолҳои марбут бо сирри давлатӣ матраҳ шуданд, мусоҳиба пушти дарҳои баста идома ёфт. Пешбинӣ мешавад, ки рӯзҳои оянда вазири мудофиаи Исроил Эҳуд Барак ва раиси ситоди нерӯҳои дифоии ин кишвар Габӣ Ашкеназӣ ба суолҳои комиссияи таҳқиқи фавти нуҳ фаъоли корвони сулҳ посух хоҳанд дод. Комиссияи мазкур бояд нақши нерӯҳои таъйиноти хоси Исроил дар боздошти киштии туркии "Мави Мармара"-ро арзёбӣ кунад.

Назарҳои мухталиф ба қазия

Ба гуфти Исроил, вақте сарбозон аз чархболҳо ба киштӣ фаромаданд, фаъолони ҳуқуқи башар бо корду, калтаку силоҳ болои онҳо ҳамла карданд. Дар чунин ҳол сарбозон интихобе ба ҷуз аз истифодаи силоҳ надоштанд. Аммо фаъолони ҳуқуқи башар таъкид мекунанд, ки ҳамзамон бо фурӯд дар киштӣ сарбозони исроилӣ ба сӯи мардуми бесилоҳ оташ кушодаанд.

Ҳамлаи сарбозони исроилӣ болои киштии фаъолони ҳуқуқи башар боиси аксуламалҳои манфӣ ва бунбасти равобити Исроил бо Туркия, яъне муттафиқи калидии давлати яҳудӣ дар Ховари Миёна гардид.

Комиссияи таҳқиқи ҳамла болои корвони сулҳ баъди интиқоди байналмилалӣ аз тарафи ҳукумати Нетаняҳу ташкил шудааст. Дар ибтидо ҳукумати Исроил ҳузури нозирони байналмилалӣ дар таҳқиқи ҳодисаро рад намуд. Вале ҳомиёни ҳуқуқ иброз доштанд, ки чунин комиссияи исроилӣ фақат барои худхидматрасонӣ ба ҳукумати ин кишвар кумак мекунаду халос.

Билохира рӯзи дуюми август сарвазири Исроил ба дабири кулли СММ бан Кӣ Мун изҳор намуд, кишвараш ба СММ имкон медиҳад, ки ба маълумоти дастрасшуда ошно гардад. Бар илова Нетаняҳу гуфт, 10 август вақте ҳайати СММ таҳқиқи ҳамла болои корвони сулҳро оғоз мекунад, намояндаи Исроил дар ҷаласа ҳузур хоҳад дошт.

Ҳамла болои корвони сулҳ аз тарафи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ низ таҳқиқ мешавад, вале Исроил таҳқиқоти ин ниҳоди СММ-ро зиддисироилӣ номида, аз ширкат дар он худдорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG