Пайвандҳои дастрасӣ

Вакили Сакина Аштиёнӣ ба Туркия фирор кард


Муҳаммад Мустафоӣ, ҳомии маъруфи ҳуқуқи башар дар Эрон ва вакили мудофеи Сакина Аштиёнӣ

Муҳаммад Мустафоӣ, ҳомии маъруфи ҳуқуқи башар дар Эрон ва вакили мудофеи Сакина Аштиёнӣ

Вакили мудофеи зани эронии маҳкум ба сангсор ба Туркия фирор намуда, аз он кишвар паноҳгоҳи сиёсӣ дархост кардааст. Муҳаммад Мустафоӣ, ки ҳомии маъруфи ҳуқуқи башар мебошад, дар додгоҳ аз зани 43-солаи эронӣ Сакина Муҳаммадӣ-Аштиёнӣ дифоъ мекард.

Додгоҳ модари ду фарзанд Муҳаммадӣ-Аштиёниро бо ҷурми зино ба марг маҳкум кардааст. Дар ин бора ҳамкорамон ... тафсилоти бештар дорад.

Фишор ба вакили мудофеи Сакина

Охири моҳи гузашта Муҳаммади Мустафоӣ барои бозпурсӣ ба зиндони Эвини шаҳри Теҳрон даъват шуд ва муфаттишон мин ҷумла аз ӯ суол карданд, ки чаро аз табаҳкорони ҷавони маҳкум ба эъдом дифоъ мекунад? Ва чаро дар баъзе ҳолатҳо ӯ бидуни кадом музде ба мардуми муттаҳам кумаки ҳуқуқӣ мерасонад.

Баъди истинтоқи сесоата Мустафоиро ҷавоб доданд, вале вақте ӯ хонааш баргашт, ба ӯ хабар доданд, ки гурӯҳе ба хотири боздошти ӯ ба хонааш рафта будааст. Баъд Мустафоӣ хабар меёбад, ки мақомот ҳамсараш Фаришта ва бародари ҳамсарашро ба гарав гирифта, онҳоро замоне раҳо мекунанд, ин вакили мудофиа худро ба мақомот таслим кунад:

"Вақте фаҳмидам, ки онҳо ҳамсарам ва бародарашро ба гарав гирифта, мунтазири таслимшавии худам ҳастанд, ман ба Туркия фирор кардам."

Дар хоки Туркия Мустафоӣ аз ҳомиёни ҳуқуқи башар хостааст, ӯро ба Истанбул интиқол диҳанд, то дархости паноҳандагиро ба мақомот матраҳ кунад.

Сакина Муҳаммадӣ-Аштиёнӣ бо ҷурми зинокорӣ маҳкум ба сангсор шудааст
Ҳукми эъдом бетағйир мемонад


Радиои Озодӣ аз Мустафоӣ пурсон шуд, ки оё мушкилиҳои ӯ пас аз дифои Сакина Муҳаммадӣ-Аштиёнии маҳкум ба сангсор бо ҷурми зинокорӣ оғоз ёфтаанд?

Мустафоӣ гуфт, ки тибқи қонун ӯ ҳақ дошт аз ин хонум дифоъ намояд ва наҷоти ҳаёти ин занро вазифаи худ мешуморад.

Мустафоӣ муваффақ шуд, ки парвандаи ҷиноии Муҳаммадӣ Аштиёнӣ дар ҳалқаҳои байналмилалӣ баҳсу баррасӣ шавад ва моҳи гузашта зери фишори ҷаҳонӣ иброз доштанд, ки сангсори ин хонумро манъ намудаанд, вале ҳукми эъдом тағйир намеёбад.

Пуштибонии президенти Бразилия аз Сакина

Президенти Бразилияи Луис Инасио Лула да Силва гуфт, ҳозир аст ба ин зани эронӣ дар кишвараш паноҳгоҳ диҳад, вале вазорати корҳои хориҷии Эрон ин ъашаббусро рад кард.

Ба гуфти сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Эрон, агар раисҷумҳури Бразилия аз тамоми далелҳои марбут бо ин қазия огаҳ мебуд, ӯ мавқеи Эронро дарк мекард.

Аммо Мустафоӣ аз бераҳмӣ дар нисбати ҳамсараш ба ғазаб омада, мегӯяд, ҳеҷ бовар надошт, ки дар низоми қазоии Эрон афроди ноогаҳ аз инсоният кор мекунанд.

Ҳамчунон Мустафоӣ нигарон аст, ки акнун афроди дар гузашта аз ҳимояи ҳуқуқии ӯ бархӯрдор мавриди фишори мақомот қарор мегиранд.
XS
SM
MD
LG