Пайвандҳои дастрасӣ

Аз замони боздошти 10 ҷосуси эҳтимолии рус дар Амрико беш аз як шабонаруз сипарӣ шуд, аммо Маскав ҳанӯз ҳам мӯҳр ба лаб нишаста аст. Ягона мақоми Русия, ки то кунун ба ин қазия, ба гунае вокуниш нишон додааст, вазири корҳои хориҷии ин кишвар Сергей Лавров аст, ки фақат гуфтааст, Маскав дар ин замина шарҳи бештари Вашингтонро интизор аст.

Сергей Лавров, ки ба Исроил сафар дорад, дар як шарҳи тамасхуромез аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хост то ба қазия рушанӣ андозад: "Қазияро ба мо шарҳ надоданд, умедворам, шарҳ медиҳанд. Танҳо метавонам бигӯям, ки замони рӯ задани ин ҳодиса хеле устодона интихоб шудааст".

Кашфи ҷосусон дар ҳошияи сафари Медведев

Мақомоти Иёлоти Муттҳаида рӯзи душанбе аз тахриби ҳалқаи бисёр печидаи ҷосусӣ хабар доданд, ки хеле пинҳонкорона ба истихдоми манобеи сиёсии Амрико машғул буд ва барои ҳукумати Русия иттилоъ ҷамъоварӣ мекард.

Баъд аз 10 соли назорат ва пажӯҳиш, ходимони Бюрои федеролии тафтишоти Амрико билохира қарор карданд, ки ҷосусҳои эҳтимолиро рӯзи якшанбе, ду рӯз баъд аз сафари хушбинонаи президенти Русия Димитрий Медведев дар Иёлоти Муттаҳида, боздошт кунанд. Сафаре, ки дар ҷараёни он раисҷумҳури Амрико Барак Обама ҳамтои руси худро шарики мустаҳкам ва боэътимод унвон кард.

Боздошти ҷосусҳои эҳтимолии рус дар якчанд шаҳрҳои шимолу шарқӣ бо шумули Йонкер, Ню Йорк, Монтклаир, Ню Ҷерсӣ ва Алингтону Вирҷиниа сурат гирифт.

Дар маҷмӯъ 11 нафар бо иттиҳоми тавтеа бо ҷосусӣ дар қаламрави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муттаҳам шуданд. Агар ҷурми ин нафарҳо исбот шавад, онҳо чаҳор солро дар зиндон сипарӣ хоҳанд кард. 9 нафар аз ин гурӯҳро, ки ба тавтеа ва шустушӯи пул муттаҳам шудаанд, ҳадди аксар 20 соли зиндон интизор аст.

Пуровозатарин достони ҷосусӣ

Парвандаи бозшуда алайҳи 11 нафар ба достони ҷосусӣ шабоҳат дорад. Гуфта мешавад, ки ҷосусҳои эҳтимолӣ аз асноди сохта, ҳуввияти ҷаълӣ доштанд, дар пайғомҳои худ аз рамзҳо истифода мекарданд ва ҳамчунин аз қаламе, ки рангаш намудор нест.

Асноди додгоҳ мегӯянд, ҳадафи аслии гумоштаҳо, ки гуфта мешавад, аксари онҳо аслан аз Русия будаанд, ба истилоҳ, ба ҷомеаи Амрико ворид гаштан, "амрикоӣ" шудан ва аз ин роҳ ба доираи сиёсатсозон ворид шудан будааст.

Силсилаи боздоштҳои рӯзи якшанбе аз пуровозатарин боздоштҳо буда, аз рӯи аҳамият ба боздошти Рудолф Абел - ҷосуси Шӯравӣ, дар солҳои 1957 муқоиса мешавад.
XS
SM
MD
LG