Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи чоршанбе дар Теҳрон раҳбарони даҳ кишвари узви созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) имкон доштанд, мушкилиҳои сиёсиву иқтисодии минтақаро баҳс намоянд.

Созмони ёдшуда соли 1985 бо ташаббуси Эрон, Туркия ва Покистон поягузорӣ шуда, баъдан Афғонистон, Озарбойҷон, ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ба он ҳамроҳ шуданд.

Дар паёми ифтитоҳии нишасти Теҳрон раисҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод аз кишварҳои узви созмони ЭКО даъват кард, ки бӯҳрони иқтисодии саросариро ба заминаи рушд табдил диҳанд.

Аҳмадинажод назми кунунии иқтисоди оламро, ки дар мамолики ғарбӣ нуфуз доранд, низоми "бемасъулият" номида, аз ширкаткунандагони нишасти якрӯза даъват кард, пули ягона ташкил намуда, тиҷорати байниҳамдигариро тавсеа бахшанд.

Аслан аз номи созмони ЭКО маълум аст, ки дар он ба масъалаҳои иқтисодӣ авлавият дода шудааст, вале баъзе кишварҳои узв дар маркази рӯйдодҳои сиёсии олам қарор доранд ва аз ин рӯ шояд ногузир дар Теҳрон баҳси ҳаводиси сиёсӣ низ мақоми муҳим касб намояд. Эрон пойбанди мубоҳисаи байнулмилалӣ рӯи барномаи ҳастаияш мебошад. Покистон бо муборизааш бар зидди ифротгароҳои исломӣ ва Афғонистон бо ошӯбҳои рӯзафзуни Толибон даст ба гиребонанд.

Дар нишасти Теҳрон президенти Ироқ Ҷалоли Толибонӣ ба ҳайси меҳмон даъват шуд. Дар сӯҳбат бо радиои «Ироқи Озод» сафири Ироқ дар Теҳрон Муҳаммад Маҷид Аш-шайх гуфт, ки кишвараш имкони узвияти кишвараш дар ЭКО-ро арзёбӣ дорад: "Дар Ироқи нав ҳеҷ мушкиле бо ҳамсояҳо ҷой надорад, хоҳ Эрон ва хоҳ Кувайт ва хоҳ ҳамсояи дигаре. Ироқ мехоҳад дар сулҳу субот бо ҳамсояҳо ба сар барад. Ягон чизе, ки мо ба он эҳтиёҷ дорем, ин муколама аст. Замони ҳамлаву таҷовузи хоки ҳамсояҳо гузашт. Ин лаҳни ҳукумати имрӯза ва ин лаҳни мардуми Ироқ аст."

Дар арафаи сафари Теҳрон президенти Туркия Абдуллоҳ Гул аз мақомоти Эрон даъват кард, ки мавқеи сиёсиашон дар муқобили ИМА-ро тағйир диҳанд. Ба гуфти Гул, сари қудрат омадани Барак Обама дар Қасри сафед тамоми авзоъ тағйир ёфт. Аз ин рӯ, кишварҳои дигар низ бояд мавқеи худро бознигарӣ кунанд.

Тибқи баъзе гузоришҳои тасдиқношуда, раисҷумҳури Туркия шахсан паёми президенти ИМА-ро ба раисҷумҳури Эрон тақдим мекунад.

Шашуми март вазири корҳои хориҷии ИМА хонум Ҳилларӣ Клинтон аз Анкара боздид намуда, ишора кард, ки Эрон ҳам ба конфронси Афғонистон даъват мешавад. Ин нишаст 31-уми март доир хоҳад шуд. Манучеҳри Муттакӣ вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, кишвараш имкони қабули чунин даъватномаро баҳс дорад.

Дар паёми худ ба ширкаткунандагони конфронс раисҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай аз кишварҳои узви созмон дархост кард, ки дар мубориза бо кишт ва ҳамлу нақли ғайриқонунии маводи мухаддир ба кишвараш кумак расонанд. Ба пуштибонӣ аз хитоби раҳбари Афғонистон президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ иброз дошт, ки кишварҳои узви созмони ЭКО ба истилоҳ масъул ҳастанд, ки дар мубориза бо терроризм ба Афғонистон ёрӣ расонанд. Зардорӣ афзудааст, ки Исломобод дар паи таҳкими эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ бо ҳукумати Афғонистон аст.

Дар ҳошияи нишасти Теҳрон раҳбарони Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон сӯҳбате барпо намуда, ба зарурати таҳкими равобити сеҷониба, ки ба нафъи ҳар се кишвар аст, таъкид кардаанд. Се раҳбар иброз доштаанд, ки рушди нақлиёт, нерӯи барқ, истифодаи захираҳои обӣ ва тиҷорат дар маркази таваҷҷӯҳ қарор дорад. Раҳбарон ҳамчунон таъкид кардаанд, ки созишҳои сеҷониба бояд ҳар чӣ зудтар иҷро шаванд.

Хабаргузориҳои эронӣ навиштаанд, се кишвар ризоят доданд, ки ба ҳамин зудиҳо дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозро дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ доир намуда, татбиқи мувофиқатномаҳои Теҳронро арзёбӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG