Пайвандҳои дастрасӣ

Саҳфаи нави равобити Амрико бо ҷаҳони Ислом


Ҳилларӣ Клинтон дар Марокаш

Ҳилларӣ Клинтон дар Марокаш

Вазири корҳои хориҷии ИМА Ҳилларӣ Клинтон дар шаҳри Марокаши кишвари африқоии Марокаш барномаи маъмурияти президент Барак Обамаро, ки ҳадаф аз он таҳкими ҳамкориҳову иқтисодиву иҷтимоӣ ва дӯстии Амрико бо кишварҳои мусулмон аст, муаррифӣ намуд.

Котиби давлатӣ ё худ вазири корҳои хориҷии ИМА хонум Ҳилларӣ Клинтон мегӯяд, ИМА мехоҳад тавассути барномаҳои коркушоӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва маориф саҳифаи наве дар равобити ИМА бо олами ислом боз намояд.

Рӯзи сешанбе дар Анҷумани Рушди мамолики араб, ки дар шаҳри Марокаши кишвари Марокаш барпо шуд, хонум Клинтон гуфт, дар ҷараёни татбиқи барномаҳои ёдшуда, ҳамкориҳои илмиву фаннӣ ташвиқ ёфта, қудрату ихтиёроти занон тавсеа меёбанд. Ҳамчунон ба қавли мақоми амрикоӣ ҳадафи дигар аз тарҳрезиву иҷрои барномаи ба ҳам ории ИМА олами ислом тақвияти ҳамдигарфаҳмии миёни дину маҳзабҳо будааст.

Маъмурияти президент Обама мехоҳад, дар ибтидои соли 2010-ум дар Вашингтон навоварон ва пешвоёни олами исломро бо соҳибкорони пешқадами амрикоӣ рӯ ба рӯ кунад ...
Моҳи июн аснои суханронӣ дар Миср президенти ИМА Барак Обама ваъда дода буд, ки кишвараш дар паи беҳбуди равобит бо мусулмонон хоҳад шуд. Хабаргузории Рейтерс бо такя ба паёми Клинтон навиштааст, ки маъмурияти президент Обама мехоҳад, дар ибтидои соли 2010-ум дар Вашингтон навоварон ва пешвоёни олами исломро бо соҳибкорони пешқадами амрикоӣ рӯ ба рӯ кунад.

Маъмурияти ИМА тасмим гирифтааст як шабакаи ҷаҳонии коркушоро танзим намояд, ки дар он сармоягузорон, соҳибкорон, хадамот, мактабҳо ва коллеҷҳо канори ҳам оянд. Бар илова ИМА ба хотири афзоиши имконоти иқтисодӣ, хадамоти иҷтимоӣ ва ҳокимиятдории маҳаллӣ дар Яман 76 миллион доллар тахсис додааст. 30 миллион доллари дигар барои дастгирии ҷавонони Урдун масраф хоҳад шуд.

Дар идомаи хитобаш ба ширкаткунандагони нишасти Марокаш Клинтон изҳор намуд, ки сиёсати Вашингтон дар муқобили Исроил тағйир наёфтааст ва Барак Обама қатъи комили бунёди маҳаллаҳои яҳудинишин дар заминҳои ишғолиро талаб дорад.

Клинтон афзуд, "ба фикри мо, маҳаллаҳо қонунӣ нестанд ва мо борҳо ин нуктаро таъкид кардаем. Мо онро ба исроилиҳо, арабҳо, фаластиниҳо ва аҳли олам ошкор кардаем."

Ахиран Исроил иброз дошт, ки ҳозир аст, аз бунёди идомаи юунёди маҳаллаҳо дар заминҳои ишғолӣ худдорӣ кунад. Клинтон мегӯяд, ин қадамест, ки дар самти дуруст гузошта шудааст.

Рӯзи чоршанбе хонум Клинтон дар шаҳри Қоҳира бо президенти Миср Ҳуснӣ Муборак дидору гуфтугӯ хоҳад дошт. Қадрдонии Клинтон аз тасмими Исроил олами арабро ба ғазаб овард, ва дар ҷараёни музокироти Қоҳира хонум Клинтон саъй хоҳад кард, нигарониҳои олами арабро аз байн барад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG