Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ҷопон ба тавлиди нерӯи барқ аз ҳидрогену оксиген таваҷҷӯҳ кардаанд, ки партоби он об аст

Чанд сол инҷониб кишварҳое, ки аз воридоти маводи сӯхт вобастагии шадид доранд, саъй мекунад, аз роҳи ихтирои манбаъҳои нав ва дастраси энергияи алтернативӣ камбуди онро ҷуброн кунад. Дар Тоҷикистон ҳукумат кӯшиш дорад, нерӯгоҳи барқи обии Роғунро такмил кунад. Дар баъзе кишварҳои аврупоӣ нархи кунунии нафту газ истихроҷи энергия аз бодро фоидаовар кардааст.

Дар Ҷопон бошад, мақомот ба тавлиди нерӯи барқ аз ҳидрогену оксиген таваҷҷӯҳ кардаанд, ки партоби он об аст.

Дар ҳоле, ки нархи нафту газ ба таври бесобиқа боло рафта, аҳли оламро ба ташвиш овардааст, дар Ҷопон ҳазорҳо хонавода барои рӯшану гарм кардани хонаҳояшон аз қуттиҳои хонагии сӯхтӣ, яъне қуттӣ ё худ ҳуҷраҳои хурди тавлиди энергия истифода мебаранд.

Соли 2005-ум аввалин шуда, сарвазири Япония дар хонааш қуттии сӯхтӣ ҷой дод. Имрӯз тахминан 3000 хонаводаи ҷопоӣ дар хонаҳояшон ҳамин гуна қуттиҳои тавлиди дохилии энергияро насб намуданд.

Ҳадаф аз ин лоиҳа ташвиқи тавлиди энергия аз ҳидрогену оксиген мебошад, ки барои ҳифзи муҳити зист ва ҷилавгирӣ аз гармшавии муҳим аст.

Усули тавлди ин навъи нерӯ дар асри 14 ихтироъ шудааст, вале амалан бори аввал соли 1965 дар киштии кайҳонии ҶЕМИНӢ 5-и истеҳсоли ИМА мавриди истифода қарор гирифта буд.

Ноибпрезиденти ширкати Ниппон Ойл Мичиҳиро Моҳрӣ мегӯяд, дар ҳуҷраҳои сӯхтӣ бар асари акусламали оксигену ҳидроген нерӯи барқ ва оби гарм тавлид мешавад. Моҳрӣ ташреҳ медиҳад, ки оксигену ҳидроген аз гази табиӣ ва дигар анвои маводи сӯхт истихроҷ мешавад.

Ба қавли Моҳрӣ ҳидрогени заруриро метавон аз манбаъҳои мухталиф ҳатто аз партобҳо истихроҷ намуд.


Қуттиҳои сӯхтӣ партоби гази карбондиоксид надоранд. Аммо дар ҷараёни истихроҷи ҳидроген барои тавлиди энергия эҳтимол миқдори ками карбон диоксидро, ки масъули гармшавии ҳаво ба шумор меравад, ба муҳити зист хорҷ намоянд.

Аз он ҷое, ки тавлиди нерӯи барқ ва оби гарм дар дохили қуттиҳои сӯхтӣ дар ҷараёни омезиши ду газ пайдо мешавад, қуттӣ ба муҳаррик эҳтиёҷ надорад, яъне садое намебарорад ва ҳангоми офатҳои табиӣ тавлиди нерӯи барқро қатъ намекунад.

Ҷопон кишварест, ки дар он зилзилаву дигар офатҳои табиӣ зиёд ба вуқӯъ мепайванданд ва тавлиди бидуни таваққуфи нерӯи барқ имтиёзи ба қадри кофӣ бузург аст.


Аслан Ҷопон кишварест, ки аз воридоти маводи сӯхт вобастагии бузург дорад. Аз ин рӯ, дар он кишвар таваҷҷӯҳи хосе ба таҳқиқу рушди соҳаҳои алтернативии тавлиди нерӯ ҷалб мешавад.

Дар ҳоле, ки нархи як баррел нафти хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ аз 130 доллари Амрико бештар шудааст, тавлиди нерӯи барқ аз манбаъҳои алтернативӣ шояд таваҷҷӯҳи кишварҳои дигарро низ ба худ бикашад.

Дар Ҷопон 48 000 000 хонавода вуҷуд дорад, ки 25 000 000 ҳазори он дар хонаҳои хусусӣ иқомат доранд. Ҳукумати ин кишвар пешбинӣ мекунад, ки дар чанд соли оянда тақозои солонаи қуттиҳои хонагии тавлиди нерӯи барқу оби гарм ба 550000 баробар хоҳад шуд.

Албатта инро ҳам набояд фаромӯш кард, ки ҳозир нархи як қуттӣ тахминан ба 19000 доллар мусовӣ мебошад. Вале мақомоти ҷопонӣ ваъда медиҳанд, ки солҳои наздик қимати онро то тақрибан 4-5 ҳазор доллар поин хоҳанд бурд, то мардуми миёнаҳол низ имкони харидории чунин манбаи энергияи арзону камбзарар пайдо кунанд.

Билохира, мошинсозони ҷопонӣ ҳам умед доранд, ки роҳе ёфта, аксуламали оксигену ҳидрогенро истифода баранд, то ин ки пасмондаи он фақат об бошад, на газҳои масъули гармшавии ҳаво.

XS
SM
MD
LG