Пайвандҳои дастрасӣ

Як шореҳи исроилӣ мегӯяд, Туркия медонист, ки корвони баҳрии ёриҳои башардӯстона ба минтақаи Ғазза аз тарафи Исроил боздошт мешавад, вале мақомоти Анкара бо ҳадафи дарёфти эҳтироми ҷаҳони ислом аз ирсоли корвон пуштибонӣ карданд.

Ин иқдоми Туркияро коршиносон ҳамчун гардиши зербиноӣ дар сиёсати хориҷии Туркия арзёбӣ мекунанд. Ба қавли онҳо, ҳукумати Туркия тан дод, ки мамолики аврупоӣ ҳеҷ гоҳ ин кишварро ба Иттиҳодияи Аврупо қабул намекунанд ва аз ин ҷост, ки таваҷҷӯҳи мақомоти Анкара ба Шарқ бештар шудааст.

Дар ҳамин ҳол таҳлилгарон амалиёти боздошти корвон аз тарафи нерӯҳои исроилиро аксуламали заиф ва норавонӣ дар муқобили "иғво" номидаанд.

Сиёсати нави Анқара дар қиболи Исроил

Шореҳи муътабари исроилӣ Эфраим Инбар мегӯяд, пуштибонии Туркия аз корвони ёриҳои башардӯстона ба минтақаи мусоҳирашудаи Ғазза бахше аз сиёсати нави мақомоти Анкара аст, ки муқовимат бо Исроил ва дарёфти эҳтироми олами арабро мадди назар дорад.

Инбар, ки дар Донишгоҳи Тел Абиби Исроил раҳбарии маркази таҳқиқоти стратегии ба номи Бегин ва Содотро бар дӯш дорад, мегӯяд, ки ҳукумати зери раҳбарии Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва ҳизби ҳокими Адолат ва Тараққиёт эътимод ҳосил кардаанд, ки Туркия ҳеҷ гоҳ ба Иттиҳодияи Аврупо пазируфта нахоҳад шуд ва аз ин рӯ, ҳар чӣ бештар ба муттафиқон дар олами Ислом рӯ меоранд.

Ҳангоми боздошти корвон миёни нерӯҳои амниятии Исроил ва ҳомиёни ҳуқуқи башар бархӯрд ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷаи он ҳадди ақалл 9 кас кушта ва даҳҳо нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ба қавли Инбар, Туркия медонист, ки Исроил имкон намедиҳад, ёриҳои башардӯстона ба бандари Ғазза интиқол ёбанд, вале ба ирсоли корвон монеъ нашуд.

Вай мегӯяд, "Туркия метавонист ризоят диҳад, ки ёриҳо ба сокинони Ғазза дар бандари исроилӣ аз киштиҳо берун кашида ва сипас дар зери назорати исроилиҳо ба мардуми Ғазза тавзеъ шаванд. Аммо, ба фикри ман, Туркия дар интизори ҳолатест, ки мухолифаташ бо Исроилро намоиш дода, мавриди эҳтироми олами ислом ва Араб қарор гирад."

Аз шарикӣ ба рақибӣ

Вазири корҳои хориҷии Туркия Аҳмад Довудуғлӣ мегӯяд, ки кишвараш бо ҳар роҳ саъй намуд аз бархӯрд ҷилавгирӣ кунад, вале ҳомиёни ҳуқуқи башар исрор меварзиданд, ки ёриҳоро фақат ба бандари Ғазза интиқол хоҳанд дод.

Замоне Туркия муттафиқи наздиктарини Исроил дар Ховари Миёна ба шумор мерафт, вале солҳои ахир ба вижа баъди бомбаборонҳои Ғазза дар солҳои 2008-2009-ум, ки ҳаёти наздик ба 1400 фаластиниро аз байн бурдаанд, сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон исроилро мавриди интиқоди шадид қарор дод.

Рӯзи якуми июн аснои суханронӣ дар парламенти Туркия Эрдуғон гуфт, ҳамлаи Исроил болои корвон нуқтаи гардиши таърих аст ва аз ин ба баъд ҳеҷ чиз мисли пештара нахоҳад буд.

Аммо устоди донишгоҳи Ҳибруи Байтулмуқаддас Мартин Ван Кревелд мегӯяд, интихоби дубораи Ангела Меркел, мухолифи сарсахти узвияти Туркия дар Иттиҳодияи Аврупо, ба мансаби кантслери Олмон Туркияро мутмаин намуд, ки солҳои наздик дарҳои Иттиҳодияи Аврупо ба ин кишвар боз нахоҳанд шуд.

Тақвияти ҷойгоҳи Эрон

Устоди исроилӣ меафзояд, ки бо назардошти ин таҳаввулот Туркия сиёсати хориҷиашро бознигарӣ карда, ҷойгоҳи кишварҳои исломӣ ва аз ҷумла Эронро тавсеа бахшид.

Ба гуфти Ван Кревелд, амалиёти 31-уми май заъфу ноӯҳдабароии нерӯҳои таъиноти хоси Исроилро ошкор кард: "Дар ин гуна амалиёт ҳаракати ногаҳонӣ аз нерӯи фарогир зарур аст. Ин дафъа на ҳамла ногаҳонӣ буд, на нерӯ фарогир ва бар илова онҳо кӯшиш карданд, ки нотавонии худро бо фиреб ҷуброн кунанд. Хуб, вақте шумо киштиро бо 600 мусофир мавриди ҳамла қарор медиҳед, шумо чӣ интизории бештар дошта метавонед?"

Амалиёти нерӯҳои Исроил бар зидди корвони ёриҳои башардӯстона ҳалқаи навбатӣ дар занҷири иқдомҳои номуваффақи нерӯҳои исроилӣ мебошад. Коршиносон ҳамлаи Исроил болои Лубнон дар соли 2006-умро низ ба хотир меоранд, ки он замон артиши Исроил бар муқобили Ҳизбуллоҳи зери сарпарастии Эрон иқдом намуда буд. Ҳамчунон куштори фармондеҳи воломақоми ҷумбиши фаластинии Ҳамос дар Дубай низ ба Исроил мансуб дониста мешавад.

Ван Кревелд мегӯяд, зоҳиран сабаби заъфи артиши Исроил заъфи фаластиниҳо мебошад. Ӯ бар ин назар аст, ки агар душманатон заиф бошад, бо мурури замон шумо ҳам заъиф мешавед.
XS
SM
MD
LG