Пайвандҳои дастрасӣ

Дидори таърихии Аҳмадинажод аз Ироқ


Маҳмуди Аҳмадинажод ва Ҷалол Толибонӣ, раисони ҷумҳури Эрон ва Ироқ, ҳини дидор дар Бағдод

Маҳмуди Аҳмадинажод ва Ҷалол Толибонӣ, раисони ҷумҳури Эрон ва Ироқ, ҳини дидор дар Бағдод

Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури Эрон, субҳи имрӯз, 2 март, барои анҷоми як сафари расмии дурӯза вориди Бағдод - пойтахти Ироқ шуд.

Сафари Маҳмуди Аҳмадинажод ба Бағдод нахустин сафари чунин раҳбари олимақоми эронӣ ба Ироқ пас аз ҷанги Эрону Ироқ дар солҳои 1980-1988-и қарни гузашта ва дар таърихи 29-солаи Ҷумҳурии исломии Эрон мебошад.

Раисҷумҳури Эронро дар Бағдод ҳамтои ироқии ӯ Ҷалол Толибонӣ истиқбол кард ва давраи нахустини музокироти раисони ҷумҳурии ду кишвар дар кохи раёсати ҳукумати Ироқ баргузор шуд.

Ба иттилоъи расонаҳои байнулмилалӣ, Маҳмуди Аҳмадинажод пас аз гуфтугу бо Ҷалол Толибонӣ, раисҷумҳури Ироқ, дар як нишасти хабарӣ гуфт, дидори ӯ аз Бағдод як саҳифаи нав дар таърихи муносиботи Эрону Ироқро боз кард. Вай хостори густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои сиёсат, иқтисод ва фарҳанг шуд.

Дар навбати худ Ҷалол Толибонӣ, раисҷумҳури Ироқ, дидори Маҳмуди Аҳмадинажод аз кишварашро ҳодисаи таърихӣ унвон кард. Сафари Маҳмуди Аҳмадинажод ба Ироқ бо даъвати Ҷалол Толибонӣ сурат мегирад. Раисҷумҳури Ироқ чанде қабл аз Теҳрон дидан карда буд.

Тибқи иттилоъи хабаргузориҳо, ҳини дидори Маҳмуди Аҳмадинажод аз Ироқ ҳукумати ин кишвар тадбирҳои шадиди амниятӣ андешидааст. Ҳукумати Ироқ барои таъмини амнияти раисҷумҳури Эрон 30 ҳазор низомии Гвардияи миллии Ироқро сафарбар кардааст.

Ҳамзамон гуфта мешавад, неруҳои амрикоии мустақар дар Ироқ дар ин тадбирҳо барои таъмини амнияти Маҳмуди Аҳмадинажод ширкат надоштаанд. Қаблан, рӯзи якшанбе, раисҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш дар мавриди тасмими Маҳмуди Аҳмадинажод барои дидор аз Ироқ ибрози назар карда буд. Вай гуфт, мақомоти ироқиро мебояд дар ин гуфтугу аз Теҳрон хостори қатъи кумак ба шуришиёни Ироқ шаванд.

Вале ҷониби Теҳрон борҳо ин гуфтаҳоро иттиҳоми беасос номидааст ва таъкид кардааст, ки дар масоили дохилии Ироқ ягон дахолате надорад.

XS
SM
MD
LG