Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Стратегияи нави Барак Обама барои Афғонистон


Раисҷумҳури Амрико Барак Обама
Раисҷумҳури Амрико Барак Обама

Раисҷумҳури Амрико мегӯяд, "стратегияи хуруҷ" бояд бахше аз сиёсати ҳамаҷониба роҷеъ ба Афғонистон ва Покистон бошад, ки интизор меравад, дар ояндаи наздик эълон шавад.

Президент Барак Обама мегӯяд, фиристодани нерӯҳои иловагӣ ба Афғонистон бахше аз стротегияи ҳамаҷонибаест, ки дорои унсурҳои низомиву иқтисодӣ ва дипломатӣ мебошад. Обама мегӯяд, нақшаҳои нав бояд ҳам Афғонистон ва ҳам Покистонро фаро бигирад ва он бояд "Стратегияи хуруҷ"-и нерӯҳои амрикоии мустақар дар Афғонистонро низ дар бар бигирад. Обама ин нуктаро рӯзи якшанбе дар мусоҳибае бо барномаи телевизионии "60 дақиқа"-и шабакаи телевизионии CBS-и Амрико изҳор дошт:

"Он чӣ мо наметавонем бикунем, фикр кардан дар ин бора аст, ки танҳо роҳи низомӣ дар Афғонистон метавонад мушкилиҳои моро ҳал кунад. Ба ҳамин сабаб, он чӣ мо дунболаш мегардем, стротегияи ҳамаҷониба аст. Ва дар он стратегияи хуруҷ бояд бошад. Бояд эҳсос кард, ки он раванди беохир вуҷуд надорад".

Интизор меравад, ки ҳамин ҳафта давлати Барак Обама стратегияи мубориза бо шӯришиён дар Афғонистонро эълон кунад. Мушовирони низомӣ ва ғайринизомии пешниҳод кардаанд, ки стратегияи Амрико дар минтақа бояд ба бартарии қотеъ тамаркуз кунад. Обама дар мусоҳибаи телвизионии "60 дақиқа" ба чанд нукта ишора кард. Вай гуфт, "бояд мутмаин шуд, ки «Ал-Қоида» наметавонад ба Амрико ва ба манофеи Амрикову муттаҳидонаш ҳамла кунад. Ин бартарии рақами яки мост. Барои иҷрои ин бартарӣ як силсила корҳое ҳаст, ки мо бояд анҷом диҳем. Мо бояд тавоноии иқтисоди Афғонистонро эҳё кунем. Мо бояд талошҳои дипломатии худро дар Покистон беҳбуд бахшем. Мо бояд дар минтақа бештар ба роҳҳои дипломатӣ такя кунем. Мо бояд масъалаҳоро бо муттаҳидонамон самарабахштар ҳамоҳанг кунем. Вале мо таваҷҷӯҳамонро наметавонем аз вазифаи аслиамон дур кунем, ҳамон вазифае, ки баъд аз ҳодисаҳои 9-уми сентябри соли 2001 пеш омад".

Акнун чанд моҳ аст, ки Ричард Ҳолбрук, фиристодаи вижаи Амрико барои Афғонистон ва Покистон, ҷиҳати таҳияи тарҳи стратегияи нав кӯмак мекунад. 21-уми март Ҳолбрук тарҳи ин стратегияро боз кард, ки дар он ба таври қобили мулоҳиза афзоиши шумораи пулиси миллии Афғонистон дар назар дошта шудааст. Ҳолбрук тавзеҳ дод, ки тибқи барномаҳои давлати Ҷорҷ Буш, раисҷумҳури пешини Амрико, шумораи кормандони пулиси Афғонистон бояд дар се-чаҳор соли оянда ба 82 ҳазор нафар расонда шавад. Аммо дар давлати кунунӣ дар ин бора назарҳои яксон вуҷуд надорад ва дар машварат бо муттаҳидону дӯстони афғонӣ ҳоло шуморае муносибе бояд таъин шавад. Ба гуфтаи оқои Ҳолбрук, нуктаҳои дигар ҳам пешниҳод мешавад, ки пулис барои таъмини амният роҳи хеле дуруст нест.

Афғонистон низ ба нуктаҳое дар бораи "стратегияи хуруҷ"-и прзидент Барак Обама вокуниш нишон додааст. Султон Аҳмад Биҳин, сухангӯи вазорати хориҷаи Афғонистон, гуфт, суханони Обама ба он ишора мекунад, ки Амрико дар Афғонистон ба таври доимӣ нахоҳад монд: "Нуктаи севвуме, ки вай ишора кард, ин аст, ки Амрико дар минтақа ба таври доимӣ боқӣ нахоҳад монд ва ҳар вақт, ки масъала ҳал шуд, нерӯҳои Амрико аз Афғонистон берун хоҳанд рафт".

Тибқи гузоришҳо, дар робита бо Покистон дар "стратегияи хуруҷ" пешниҳод мешавад, ки кӯмакҳои ғайринизомӣ ба Покистон, ба вижа кӯмак барои эҷоди ҷойҳои корӣ, бояд афзоиш ёбад.
XS
SM
MD
LG