Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми бесадои ҷанҷоли “Қазоқгейт”


Парвандаи "Қазоқгейт" дар додгоҳи Ню Йорк бозрасӣ шуд
Парвандаи "Қазоқгейт" дар додгоҳи Ню Йорк бозрасӣ шуд

Ахиран, баъди беш аз 7 соле ки Ҷеймс Гиффенро дар фурудгоҳи Ню-Йорк боздошт кардаву ба дастонаш завлона заданд, ин чеҳраи асосии ҷанҷоли ришвадиҳии маъруф ба “Қазоқгейт” дар додгоҳ ҳамагӣ дар чанд ҷурми хурде муҷрим шинохта шуд.

Бо ҳамин, парвандаи дар вақташ пурсарусадо ва хеле пурҷанҷоли чандмиллиондолларии фасод, ки аз ширкатҳои бузурги нафтии Ғарб сар карда, то ба худи раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дахл мекард, мисле ки бидуни ягон сарусадо хапу хомӯш мешавад.

Ин дар ҳолест ки дар оғози даҳсолаи кунунӣ оташи ҷанҷоли “Қазоқгейт” чунон фурӯзон шуда буд, ки бархе ҳатто эҳтимоли дар ин оташ сӯхтани киштии қудрати Назарбоев ва ёрони ӯ дар ҳукумати Қазоқистонро истисно намекарданд. Аммо сабаби ба чунин оромӣ ва бидуни сарусадо фурӯ нишастани оташи ин ҷанҷол чист ва оё раҳбарони Қазоқистон метавонанд акнун оҳи сабук бикашанд?

ЧЕҲРАИ ХАНДОНИ ГИФФЕН

Баъд аз 7 соли баҳсҳои додгоҳиву таъхирҳои мукаррари мурофиа ва талошҳои раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барои хатт задани номаш аз ин парванда ҷанҷоли чандмиллиондолларии “Қазоқгейт” ба поён расид.

Ҷеймс Гиффен, муттаҳами асосӣ дар ин ҷанҷол рӯзи 6 август дар пайи даст ёфтан ба муомила бо додситонҳои амрикоӣ додгоҳи Ню-Йоркро бо як чеҳраи хандон тарк гуфт. Бар асоси ин муомила, Гиффен даст доштани худ дар нақзи ҷузъии қонунҳои молиёт ва як мавриди ришвадиҳӣ алайҳи ширкаташро эътироф кард. Дар иваз худи ҳамон рӯз маблағи гаравпулии ӯро аз 10 миллион доллари қаблӣ то ба 250 000 доллар пойин оварданд ва дар поёни мурофиааш дар моҳи ноябр Гиффени 69-соларо метавонанд акнун ҳадди аксар ба 6 моҳи зиндон маҳкум кунанд.

Ҷеймс Гиффен мушовири Нурсултон Назарбоев буд ва раисиҷумҳури Қазоқистонро низ ба парвандаи "Қазоқгейт" рабт медиҳанд
80 МИЛЛИОН ДОЛЛАРРО КӢ ХӮРД?


Вақте дар моҳи марти соли 2003 ба дастони ӯ дар фурудгоҳи Ҷонн Кеннедии Ню-Йорк завлона мезаданд, аз гӯшаи хаёли касе намегузашт, ки Ҷеймс Гиффен дар ниҳоят бо чунин ҷазои сабук раҳо хоҳад ёфт. Гиффен он замон ба он айбдор мешуд, ки аз номи 4 ширкати нафтии Амрико, бо шумули “Mobil Oil Corporation”, ки феълан бахше аз ширкати бузурги энержии “ExxonMobil” аст, наздики 80 миллион долларро ба суратҳисобҳои махфӣ дар як бонки Швейтсария таҳвил додааст.

Додситонҳо мегуфтанд, ин пулҳо ришвае буд, ки ба хотири тасвиби 6 қарордоди пурфоида, аз ҷумла таъмини 1 миллиард доллар саҳми ширкати “Mobil” дар кони Тенгиз, аз бузургтарин конҳои нафти дунё, супурда шудааст. Гумон мерафт, ки мақомоти Қазоқистон, бо шумули ҳам Назарбоев ва ҳам сарвазири собиқ Нурлан Балгимбоев аз ин пулҳо ба манзури харидории ҷавоҳирот, либоси мӯина, киштиҳо ва соир анвоъи молҳои гаронбаҳо истифода бурдаанд. Назарбоев ба он ҳам айбдор мешуд, ки ҳаққи таҳсили духтараш дар як мактаби номдори Швейтсарияро низ аз ҳамин пул пардохт кардааст.

“ГАРДИШЕ ФАВҚУЛОДДА”

Стив ЛеВин, аз сардабирони маҷаллаи “Foreign Policy”, ки ҷараёни таҳқиқи парвандаи “Қазоқгейт”-ро дар торнамои интернетиаш пайваста пайгирӣ мекунад, натоиҷи муомилаи бадастомада байни додситонӣ ва Гиффенро “гардише фавқулодда” номид ва гуфт: “Ин парванда 7 сол қабл аз бузургтарин парвандаҳои ришвадиҳии хориҷӣ дар таърихи Амрико буд. Чунин ба назар меомад, ки ин парванда натиҷа хоҳад дод ва Ҷим Гиффен дар сурати ба гарданаш дайн шудани ҳар яке аз ин иттиҳомот барои солҳои хеле тӯлонӣ ба кунҷи зиндон хоҳад рафт.” Вале охируламр, меафзояд Стив ЛеВин, ин ҳама иттиҳомот “бомуваффақият радд шуданд.”

ФАҚАТ ИН КИ ИСМИ НАЗАРБОЕВ ЗИКР НАШАВАД

Ҷеймс Гиффен соли 1995, ба муҷарради ҳаққи намояндагӣ аз ин кишвари нафтхези Осиёи Марказӣ дар музокирот бо ширкатҳои нафтии Амрикоро ба даст овардани бонки хурди сармоягузориаш соҳиби мақоми “мушовири раисиҷумҳури Қазоқистон” шуд.

Асноди додгоҳии нашршуда дар сомонаи “Bloomberg” ҳокист, ки Остона аз соли 2002 ба ин сӯ талош меварзид, таҳқиқи фаъолиятҳои Гиффен аз сӯи мақомоти Амрикоро маҳдуд кунад.

Стив ЛеВин мегӯяд, ҳадафи аслии мақомоти Қазоқистон берун овардани исми раҳбари пурқудрати ин кишвар аз ин парвандаи ҷанҷолӣ будааст: “Давлати Қазоқистон аз оғоз ба ширкатҳои хеле муқтадир дар Вошингтону Ню-Йорк, ки лоббистҳои хеле пурқудратанд, пул пардохт кард, то ба он чӣ ки онҳо умедворанд, ноил шаванд. Яъне тардиди иттиҳомот алайҳи Ҷим Гиффен ва агар ин даст надод, пас ҳадди ақал Назарбоев, ки дар ин қазия чун ҳамдаст меомад, бегуноҳ берун биояд.”

НАҚШИ CIA ДАР “ҚАЗОҚГЕЙТ”

Ва аммо нозирон мӯътақиданд, ки муомилаи ахир дар додгоҳи Ню-Йорк рабте бо фишорҳои Қазоқистон надорад. Ҷеймс Гиффен иддао дошт, ки дар ҳамкорӣ бо Ожонси марказии истихбороти Амрико фаъолият мекард ва ин идора аз ӯ ба ҳайси омили нуфузӣ дар Қазоқистон истифода мебурд. Вакилони мудофеъи ӯ мегуфтанд, мақомот аз аъмоли Гиффен чашм мепӯшиданд, зеро ҷӯёи қаробат бо Назарбоев буданд.

Ҷониби дифоъ ба манзури сафед кардани Гиффен ба ихтиёри додгоҳ супурдани асноди махфии ин идораи ҷосусӣ ва дигар ниҳодҳои давлатии Амрикоро тақозо карда буд ва маҳз аз сӯи вакилони мудофеъи давлат ба таври мукаррар радд шудани ин дархост як сабаби ба солҳо тӯл кашидани мурофиа шуд.

РИШВА ДОДАН БА ХОРИҶӢ ҶАЗО ДОРАД

Ширкати Гиффен дар ниҳоят дар нақзи Қонуни Амрико алайҳи таҷрубаи фасоди хориҷӣ дар як маврид, яъне дар соли 1999 ба як мансабдори қазоқ тӯҳфа кардани ду мошини барфгард, муҷрим шинохта шуд. Ин қонун ҳанӯз дар солҳои 70 таҳия шуда, додани ришва ба мақомоти хориҷӣ ба хотири дарёфти фоидаҳои тиҷориро ғайриқонунӣ ҳукм мекунад.

Аммо Майкл Перлис, вакили мудофеъ дар Лос-Анҷелес, ки дар таҳияи қонуни зидди фасоди хориҷӣ ширкат варзидааст, мутмаин аст, ки нокомии парвандаи “Қазоқгейт” ба маънои нокомии ин қонун нест, балкӣ вазорати адлияи Амрикост, ки зоҳиран дар пайи сар ба сар шуданаш бо Ожонси марказии истихборот ба анҷоми бесарусадои қазия бартарӣ дод: “Ман фикр мекунам, давлат дар таъқиби ин мурофиа бархе мушкилоти ҷиддӣ дошт. Ин ҷо масоил ба асноди маҳрамона ва амнияти миллӣ марбут мешавад ва ба назари ман, давлат дар робита ба оқои Гиффен ин мурофиаи нокомро пардапӯш кард.”

АММО ПУЛИ РИШВА КУҶО ШУД?

Дар соли 2007 Амрико бо Қазоқистону Швейтсария ҷиҳати дар барномаҳои кӯмак ба атфоли фақир ва беҳбуди шаффофият дар риштаи нафти Қазоқистон истифода бурдани маболиғи марбут ба парвандаи “Қазоқгейт” тавофуқ кард. Рӯзи 6 август дар додгоҳи Ню-Йорк ширкати Гиффен аз ҳама гуна ҳаққи худ дар ин пулҳо даст кашид.
XS
SM
MD
LG