Пайвандҳои дастрасӣ

Дар соҳили Иссиқкӯли Қирғизистон нишасти байналмилалии «Афғонистон, СҲШ, амният ва геополитики Авруосиёи Марказӣ» ифтитоҳ мешавад.

Ин нишаст таҳти сарпарастии Бунёди иҷтимоъии Александр Князев аз Қирғизистон, Бунёди ба номи Фридрих Эберт аз Олмон ва Бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд аз Афғонистон баргузор хоҳад шуд.

Дар конфаронси Иссиқкӯл сафири томулихтиёри ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Қазоқистон ва Қирғизистон Азизи Ориёнфар, раис ва муассиси Бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд Аҳмад Валӣ Масъуд ва як идда чеҳраҳои намоёни сиёсии Афғонистон ширкат хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ки ба ин конфаронс аз Ҷумҳурии исломии Ирон ва соири кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин ҷумҳурии мардумии Чин, Русия ва мамолики аврупоӣ коршиносону таҳлилгарон ва журналистон даъват шудаанд.

Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси масоъили сиёсӣ, ки феълан дар Исиқкӯл қарор дорад, мегӯяд, таваҷҷӯҳи кишварҳои узви СҲШ ба ҳаллу фасли масоъили Афғонистон ба ин хотир аст, ки онҳо ба наҳва ва шеваҳои мухталиф аз таҳаввулоти Афғонистон таъсир бармедоранд.

Ва бо гузашти чанд сол аз вуруди нерӯҳои низомии Ғарб ва Эътилофи байнулмилалӣ ба Афғонистон, ҳанӯз натиҷаи ниҳоии ин иқдом маълум нест, ки боиси нигаронии кишварҳои мухталиф ва қабл аз ҳама кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонҳой шудааст. Чуноне ки дар паи нишасти моҳи августи соли гузашта дар Бишкек бар зарурати тақвияти ҳамкориҳои ин созмон бо Афғонистон таъкид шуд, кишварҳои узв ва ба хусус Русия дунболи пайдо кардани заминаи таъмини ҳузури фаъолтари худ дар Афғонистон мебошад.

Қосими Бекмуҳаммад мегӯяд, Русия дар паи вуруди нокоми низомиёни шӯравии собиқ дар Афғонистон, имрӯз мехоҳад аз тариқи СҲШ дар ҳаллу фасли бӯҳрони Афғонистон ширкат бикунад.

Конфаронси мазбур ду рӯз давом хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG