Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афғонистон: Нигарониҳо аз куштори мардуми мулкӣ


Як генерали аршади Амрико даъват кардааст, ки ба ҳамлаи ҳавоии моҳи гузашта дар деҳи Азизободи вилояти Ҳирот расидагии дубора анҷом бигирад.

Гурӯҳи бозрасони СММ ва ҷониби Афғонистон мегӯянд, дар ин ҳамлаи ҳавоӣ 90 нафар сокинон кушта шудаанд. Пештар нерӯҳои эътилофи зери фармондеҳии Амрико ин шумораро рад карданд ва гуфтанд, дар ин ҳамла 7 нафар аз сокинон кушта шудаанд.

Даъвати генерали амрикоӣ дар бораи анҷоми расидагии дубора дар ҳоле садо медиҳад, ки созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар гузорише ба табъ расонидааст ва гуфтааст, дар натиҷаи куштори сокинони маҳаллӣ дар Афғонистон ҳимояти аҳолӣ аз ҳукумати Афғонистон ва нерӯҳои эътилофи байнулмиллалӣ коҳиш ёфтааст.

Нерӯҳои эътлофи байнулмиллалии зери фармондеҳии Амрико натиҷаҳои расидагии гурӯҳи СММ ва ҳукумати Афғонистон ба ҳамлаи ҳавоии 22-юми августро, ки гуфта мешуд, 90 нафар аз аҳолии деҳи Азизобод дар он ба қатл расидаанд, рад карданд. То якшанбеи гузашта нерӯҳои эътилоф пофишорӣ мекарданд, ки дар ин ҳамлаи ҳавоӣ танҳо 5 нафар аз аҳолии маҳаллӣ ва 30 ё 35 нафар аз афроди Толибон кушта шудаанд.

Аммо шаби якшанбе ба душанбе генерали амрикоӣ Дэвид Маккирнон дар изҳороте гуфт, ки дар бораи ин ҳодиса далоили бештаре ба даст омадааст. Вай дархост кардааст, ки Ситоди Марказии артиши Амрико гурӯҳи нави афсаронро барои расидагӣ ба ин ҳодиса бифиристад. Генерал Маккирнон дар Афғонистон фармондеҳии нерӯҳои НАТО, ё Нерӯҳои Байнулмилалии Кӯмаки Амниятиро бар ӯҳда дорад ва баландтарин мақоми низомии Амрико дар Афғонистон аст. Агар куштори 90 нафар дар ҳамлаи Азизободи Ҳирот таъйид шавад, дар он сурат ин маргбортарин ҳамлаи ҳавоӣ хоҳад буд, ки дар ҳафт соли баъд аз суқути режими Толибон ба вуқуъ пайвастааст.

Адриан Эдвардз, сухангӯи СММ мегӯяд, бозрасони ин созмон мутмаъинанд, ки 90 нафар шаҳрвандон кушта шудаанд ва дар миёни онҳо занон ва кӯдакони зиёд ҳастанд. Президент Ҳомид Карзай ду нафар аз генералҳои артиши миллии кишварашро аз мақом барканор кардааст ва гуфтааст, ки онҳо ба нируҳои хориҷӣ ҳадафро иштибоҳӣ нишон додаанд, яъне дар он ҷо на шуришиён, балки шаҳрвандони бегуноҳ будаанд.

Брэд Адамз, мудири бахши Осиёи Дидбони Ҳуқуқи Башар, мегӯяд, чунин ҳамлаҳо сабаб мешавад, ки самимияти нерӯҳои эътилофи зери фармондеҳии Амрико дар миёни мардуми афғон камтар шавад: "Ҳоло эътибори нируҳои Амрико воқеъан зери хатар рафтааст. Яке аз сабабҳояш ин аст, ки онҳо иттилоъотро пинҳон медоранд ва вақте, ки онҳо иттилоъе пахш мекунанд, мардум ба иттилоъи онҳо бовар намекунанд. Барои он ки онҳо эътибори худро дубора ба даст оранд, бояд дар изҳороти худ дақиқ бошанд".

Дидбони Ҳуқуқи Башар, ё Ҳюмен Райтс Вотч, дар ин замина бештар аз дуним сол расидагӣ анҷом додааст ва мегӯяд, дар миёнаи солҳои 2006-2007 шумораи шаҳрвандони кушташуда дар Афғонистон се маротиба бештар будааст. Дар ин гузориш омдааст, низомиёни Амрико ҳангоми ҳамлаҳои ҳавоӣ ба шуришиён барои ҳимоят аз аҳолӣ эҳтиёткорӣ намекунанд. Оқои Адамз мегуяд: "Нуктае, ки мо дарёфтем, ин аст: вақте, ки Пентагон ҳамлаҳои ҳавоиро барномарезӣ мекунад, бояд барои ҳимояти шаҳрвандон ба таври ҷиддӣ муносибат кунад, маълумоти хуби кашф ба даст орад. Онҳо бояд амалиёте анҷом диҳанд, ки шаҳрвандон тақрибан кушта нашаванд".

Брэд Адамз ба хулосае расидааст, ки нерӯҳои хориҷӣ ҳимояти мардуми маъмулии афғонро аз даст хоҳанд дод, агар онҳо ба мардум бовар накунанд ва ба қурбониёни ҳамла кӯмак нарасонанд.

XS
SM
MD
LG