Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо Баҳрайн ба Манама расид


Мунтахаби Тоҷикистон
Мунтахаби Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки барои бозии дӯстона бо тими миллии Баҳрайн тавассути ҳавопаймо аз Душанбе ба Дубай ва аз онҷо ба Манама парвоз кард, 22 март ба пойтахти Баҳрайн расид. Футболбозони тоҷик дар меҳмонхонаи «Downtown Rotana» ҷойгир шудаанд.

Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Баҳрайн ва Тоҷикистон имрӯз, 23 март, дар Варзишгоҳи миллии Манама соати 18:30 ба вақти маҳаллӣ (20:30 – ба вақти Душанбе) шурӯъ мешавад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 22 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомиланд. Дар байни онҳо шаш нафарашон легионер мебошанд, ки инҳоянд: дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), ҳимоятгарон Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), Искандар Ҷалилов («Дунав», Булғористон), нимҳимоятгарон Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нозим Бобоҷонов («Баҳрайн», Баҳрайн) ва Умедҷон Шарифов («Машъал», Узбакистон).

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»);
Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), Искандар Ҷалилов («Дунав», Булғористон), Сиёвуш Асроров, Амирбек Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир, Аҳтам Назаров (ҳама – «Истиқлол»), Ойбек Абдуғаффоров («Ҳосилот»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нозим Бобоҷонов («Баҳрайн», Баҳрайн), Умедҷон Шарифов («Машъал», Узбакистон), Мӯҳсинҷон Парпиев («Барқчӣ»), Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Эҳсони Панҷшанбе, Ҷаҳонгир Алиев, (ҳама – «Истиқлол»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Ҳосилот»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Восиев (ҳарсе – «Истиқлол»), Давронҷон Тухтасунов («Хуҷанд»).
Сармураббӣ: Ҳаким Фузайлов.

Бозии дӯстона бо мунтахаби Баҳрайн барои футболбозони тоҷик санҷишест пеш аз бозии марҳилаи муқаддамотии даври аввали мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» муқобили мунтахаби Яман, ки 28 март дар пойтахти Қатар – Доҳа – доир хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG