Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама Карзай ва Зардориро мепазирад


Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ, раисони ҷумҳуриҳои Афғонистон ва Покистон

Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ, раисони ҷумҳуриҳои Афғонистон ва Покистон

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, ба мулоқот бо раисони ҷумҳуриҳои Афғонистону Покистон дар Вошингтон омодагӣ мегирад.

Стротегияи нави Обама дар бораи мубориза бо тундгароӣ ва таъмини субот дар минтақа мавриди чолишҳои ҳамаҷониба қарор мегирад.

Низомиёни Покистон хатари афзояндаи Толибон дар минтақаҳои ғарбии ин кишварро ҳадаф қарор додаанд. Вале баъд аз эълони стротегияи нави Амрико роҷеъ ба Афғонистон ва Покистон оташи тӯпхона то ҳол камтар муваффақ шудааст, ки оромиро дар ин манотиқ таъмин кунад.

Дар посух ба нигарониҳои байнулмиллалӣ аз ин, ки Толибон бо Исломобод хеле наздик шудаанд ва имкон дорад дар оянда назорат бар кишвари дорои энержии ҳастаиро ба даст гиранд, артиши Покистон ҳамин ҳафта дар минтақаи кӯҳистонии Малоканд дар ғарбии ин кишвар билофосила вориди амал шуд, то тавони қудрати худро нишон диҳад.

Дар ҳоле, ки Барак Обама аз Покистон хостааст, бар зидди хатари шӯришиён дар имтидоди марз даст ба амалиёт занад, ин кишвар таваҷҷуҳи худро ҳамчунин ба хатароти сартосарӣ нигаронидааст ва худро машғул нишон медиҳад. Барак Обама 29-уми апрел зимни суханони худ ҳангоми натиҷагирӣ аз 100 рӯзи фаъолияти худ дар мақоми раёсати ҷумҳурӣ гуфт, сиёсати нави хориҷӣ самар медиҳад:

"Ман ҳамчунин ба ваъдаи худ вафодорам, ки самтгирӣ дар сиёсати хориҷии давлати моро тағйир медиҳам. Ва мо онро оғоз ҳам кардаем. Мо ба қатъи ҷанг дар Ироқ шурӯъ кардаем. Ва мо бо муттаҳидони худ дар НАТО сиёсати наверо интихоб кардаем, ки дар Афғонистону Покистон «Ал-Қоида»-ро ҳадаф қарор медиҳем".

Стротегияи нави давлати Амрико дар қиболи Афғонистону Покистон навъе озмоиши бархурди нав аст, зеро он мубориза бо шӯришиёни Толибон дар Покистону Афғонистонро тақозо мекунад ва бояд бо «Ал-Қоида» бархурди муассири низомӣ сурат бигирад.

Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон, зимни суханони худ дар Исломобод ба рӯзноманиигорон гуфт, Осиф Алӣ Зардорӣ дар ҷараёни дидораш бо Барак Обама дар Вошингтон ҳафтаи ҷорӣ дар брораи ҷузъиёти стротегияи нав сӯҳбат хоҳад кард:

"Мо дар бораи иҷрои стротегияи нави Обама сӯҳбат мекунем. Ин стротегияро дар Ҳейг моҳи март 73 кишвар пазируфтанд. Онро дар Страсбург низ кишварҳои узви НАТО ва Русия қабул карданд".

Дархостҳои Зардорӣ дар бораи дарёфти кумакҳои Амрико, аз ҷумла таҷҳизоти низомӣ ва сармоягузории бештар дар бахшҳои ғайринизомӣ, метавонад бо муваффақият анҷом ёбад. Вале рӯйдодҳои ахири Покистон нишон медиҳад, ки мавқеи раисиҷумҳури ин кишвар беш аз пеш ҳасостар мешавад.
XS
SM
MD
LG