Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти амниятии Афғонистон Покистонро дар тарҳрезии кӯшиши сӯиқасд ба ҷони Ҳомиди Карзай, раисҷумҳури Афғонистон, айбдор кардаанд.

Ва ин иттиҳом, ба гуфтаи коршиносон, ба оташи низоъ миёни Афғонистон ва Покистон равған хоҳад рехт.

Кушиши сӯиқасд 27 апрели соли равон зимни паради низомӣ дар Кобул сурат гирифта буд. Дар ин маросим ба ҷуз Ҳомиди Карзай, ҳамчунин дигар раҳбарони Афғонистон ва дипломатҳои хориҷӣ низ ширкат доштанд. Карзай аз ин ҳамла ҷон ба саломат бурд ва аммо гулулаборон аз миномётҳо мунҷар ба ҳалокати се нафар гардид. Сайид Ансорӣ, намояндаи хадамоти амнияти милли Афғонистон, имрӯз дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ки “аснод ва эътирофоти ба даст омада нишон медиҳад, ки тарроҳ ва созмондиҳандаи аслии ҳамла террористӣ ва маросими таҷлил аз 16-умин солгарди пирӯзии ҷиҳоди мардуми Афғонистон созмони истихборотии Покистон ва омилини вобаста ба он будаанд”.

Изҳороти Ансорӣ нахустин иттиҳоми ошкор алайҳи Хадамоти истихборотии Покистон «Ай-Ес-Ай» дар сӯиқасд ба ҷони Ҳомид Карзай як ҳафта баъд аз эъломияи шадидуллаҳни раисиҷумҳури Афғонистон дар бораи имкони интиқоли нерӯҳои кишвар ба Покистон пахш шуд. Ҳомид Карзай гуфта буд, ки чун толибон аз қаламрави Покистон ба Афғонистон ворид шуда низомиёни ҳукуматӣ ва нерӯҳои байнулмилалиро мавриди ҳамла қарор медиҳанд, пас Кобул низ метавонад толибонро дар қароргоҳҳошяон дар Покистон саркӯб кунад. Исломобод ба ин изҳорот расман эътироз кард. Юсуф Ризо Гелонӣ, сарвазири Покистон, гуфт, ки “мо ба ягон кишвар таҷовуз накардаем ва таҷовузи ягон кишварро ҳам таҳаммул нахоҳем кард”.

Исломобод иттиҳоми ахирро низ напазируфт. Вазири дифоъи Покистон Чоудрӣ Аҳмад Мухтор гуфт, ки ҳамла дар паради низомӣ дар Кобул як саҳнасозӣ буд ба хотири омодагӣ ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар соли оянда.

Ва аммо Хадамоти амнияти миллии Афғонистон изҳор намуд, ки аснод ва иқрори афроди баъд аз ин кушиши сӯиқасд боздоштшударо зери даст дорад.

Амрулло Солеҳ, раиси ин хадамот гуфт, ки баъзе аз гумонбарон моҳи гузашта тавассути телефони дастӣ бо бархе аз фармондеҳон дар манотиқи қабоилнишини Покистон ва дар Пешовар дар тамос шуда матнҳоро низ радду бадал кардаанд. Сайид Ансорӣ аз ошкор сохтани ҷузъиёти бештар худдорӣ кард ва аммо афзуд, ки онҳо ба даст доштани созмони истихборотии кишвари ҳамсоя “сад дар сад” мутмаинанд.

Баҳси нав миёни Кобулу Исломобод дар ҳоле шурӯъ шуд, ки баъд аз як ҳамлаи ҳавопаймоҳои амрикоӣ ба қаламрави Покистон, ба иттилоъи Исломобод, 11 сарбози покистонӣ кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG