Пайвандҳои дастрасӣ

Арғандоб, як деҳистони канори Қандаҳор, ки ахиран чанд деҳаи он таҳти назорати Толибон қарор гирифт, ба майдони набардҳои шадид табдил меёбад.

Тибқи хабарҳо аз ҷануби Афғонистон, нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар кишвар ва низомиёни афғон ба амалиёти густарда барои озод кардани ин деҳоти ишғолӣ омодагӣ мегиранд. Аз тариқи чархболҳои НАТО болои ин деҳаҳо варақаҳо паҳн мешавад, ки дар онҳо аз мардуми маҳаллӣ даъват шудааст то манзилҳои худро тарк кунанд.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, тақрибан 4 ҳазор нафар аз ин деҳаҳо хориҷ шудаанд. Ҳадс зада мешавад, ки як теъдод толибони охири ҳафтаи гузашта аз зиндони Қандаҳор фироркарда маҳз дар деҳоти Арғандоб панаҳ бурдаанд. Бархе аз манбаъҳо дар Кобул ҳамчунин мутмаинанд, ки Толибони деҳоти Арғандобро забткарда нерӯҳои аз Покистон ба қаламрави Афғонистон воридшудаанд.

Омодагӣ ба амалиёти густурда дар Арғандоб дар ҳоле сурат мегирад, ки Кобул ва Исломобод баъд аз изҳороти ахири раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дар ду сӯи сангари баҳсҳои шадиди сиёсӣ қарор доранд. Ду рӯз пеш сарвари Афғонистон эълом дошт, ки кишвараш ҳақ дорад пойгоҳҳои Толибон дар қаламрави Покистонро мавриди ҳамла қарор диҳад.

Ин изҳороти раҳбари Афғонистон мақомоти Покистонро сахт нороҳат кард. Юсуф Ризо Гелонӣ, сарвазири Покистон изҳор намуд, ки кишвараш ба умури ягон давлат дахолат накардааст ва дахолати ягони кишвари дигарро ҳам таҳаммул нахоҳад кард. Исломобод ба Кобул дар баробари изҳороти Карзай эътирози расмӣ ирсол намуд.

Дирӯз Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида дар Лондон мақомоти Афғонистону Покистонро даъват кард, ки сари мизи музокирот нишинанд. Раҳбари Амрико гуфт, ки “солҳои қабл дар ду тарафи марз сарони қабоил мушкилоти дар миёнуфтодаро дар ҷирга ҳаллу фасл мекарданд” ва афзуд, ки “эҳёи ин ҷирга барои ҳарду ҷониб муфид мебуд”.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки мақомоти Афғонистон борҳо аз раҳбарони кишвари ҳамсоя даъват кардаанд, ки бо Толибони мустақар дар Покистон мубориза баранд ваё ҳадди аққал аз вуруди онҳо ба қаламрави Афғонистон ҷилавгирӣ кунанд. Ва аммо Исломобод дар посух мегӯяд, ки решаи низоъро дар худи Афғонистон бояд ҷуст, зеро бо ҳукумати марказии Афғонистон толибони мустақар дар худи кишвар меҷанганд.

Мақомоти Покистон мегӯянд, ки сарҳад бо Афғонистонро беш аз 90 ҳазор низомиёни кишвар ҳифз мекунанд ва шурӯъ аз соли 2001 ум дар набардҳо бо афроди мусаллаҳ дар марз тақрибан ҳазор низомии покистонӣ кушта шудаанд.

Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки агар Исломобод ва Кобул ба хотири баррасии мушкилоти мавҷуда сари мизи музокирот нанишинанд, бештар аланга задани оташи низоъ миёни онҳо аз эҳтимол дур нест.

XS
SM
MD
LG