Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тасмимҳои Токио ва Рим дар қиболи Афғонистон


Ҷопон ва Итолиё аз охирин кишварҳое мебошанд, ки нақши худро дар Афғонистон зери суол бурдаанд.

Кобинаи нави Ҷопон такроран эълон кардааст, ки мехоҳад дар корҳои рушду бозсозии ин кишвари ҷангзада бештар таваҷҷӯҳ кунад. Силвио Берлусконӣ-, нахуствазири Итолиё даъват кард, ки як навъ стротегияи марҳалаи гузор таҳия шавад, то он роҳро барои коҳиши ҳузури нирӯҳои байнулмиллалӣ дар Афғонисон ва боло бурдани нақши ҳукумати ин кишвар дар ҳали масъалаҳои амниятӣ ҳамвор созад.

Назархоҳиҳо дар аксари кишварҳо беш аз пеш аз хуруҷи нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ҷонибдорӣ мекунанд. Дар ин силсила Ҷопону Итолиё аз охирин кишварҳо ба шумор мераванд, ки ҳузури худ дар Афғонистонро зери суол бурдаанд.

Баъд аз мутаваққиф сохтани эътибори Ҷопон дар фароҳам кардани маводи сӯхт барои нирӯҳои байнулмиллалӣ дар Афғонистон Токио нақши ғайринизомии худ дар Афғонистонро баррасӣ мекунад. Матбуоти Ҷопон навиштааст, нахуствазири нав Юкио Ҳатояма мехоҳад кӯмакҳои худро бештар барои рушди иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон ихтисос диҳад.

Ҳизби Сотсиал-демократи Ҷопон, ки ба эътилофи ҳукуматии Ҳатояма дохил мешавад, изҳор дошт, ки Ҷопон бояд дар эъмори мактабҳову бемористонҳо ва тақвияти нирӯҳои пулиси миллӣ кӯмак кунад. Ин ҳизб аз муддатҳо қабл бар ин ақида буд, ки Ҷопон набояд "дар ҷанги Амрико дар Афғонистон" ширкат кунад.

Дар Итолиё баъд аз куштори 6 сарбози ин кишвар дар Афғонистон дар ҳафтаи гузашта вокунишҳои ғазаболуд мушоҳида мешавад ва мардум тақозо мекунанд, ки нирӯҳои кишварашон аз Афғонистон фаро хонда шаванд. Нахуствазир Силвио Берлусконӣ гуфт, бояд дар ин замина стротегия нав ба кор гирифта шавад ва он роҳро барои коҳиши ҳузури нируҳои байналмиллалӣ фароҳам созад ва ҳукумати Афғонистон саранҷом амнияти худро таъмин кунанд.

17-уми сентябр дар Кобул дар натиҷаи як бомбгузорӣ 6 сарбози Итолиё кушта шуд. 4 нафари дигари онҳо захм бардоштанд. Ҳоло тақрибан 2 800 нафар сарбозони Итолиё дар Афғонистон зери фармондеҳии НАТО хидмат мекунанд. Итолиё ба нақша гирифта буд, ки 400 нафари онҳоро фаро хонад, зеро онҳо барои таъмини амният дар давраи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба он ҷо рафта буданд.

Бо назардошти коҳиши ҳимояти мардум аз ҷанги Афғонистон Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико низ эълон кард, ки аз фиристодани нирӯҳои изофӣ ба Афғонистон худдорӣ мекунад. Дар Олмон ҳам аз ин ақида ҷонибдорӣ мекунанд, ки таъмини амният тадриҷан ба нируҳои дохилӣ вогузор шавад. Аммо ин кишвар ҷадвали замоние барои фаро хондани нирӯҳояш надорад.

Аз сӯи дигар ҷаъфар Расулӣ, мушовири аршади раисиҷумҳури Афғонистон дар умури байнулмиллалӣ, мегӯяд, нирӯҳои Афғонистон аз гирифтани масъулияти амният бар дӯши худ ҳоло дуранд.

Бо назардошти изҳороти нави Ҷопон ҳоло Ҷаъфар Расулӣ мегӯяд, Афғонистон аз кӯмакҳои Ҷопон ва кишварҳои дигар барои рушди кишвараш истиқбол мекунад.
XS
SM
MD
LG