Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суди роҳи нави Афғонистон ба минтақа


Баъд аз таваққуфи беш аз сӣсола дар Афғонистон сохтмони "шоҳроҳи ҳалқавӣ аз сар гирифта мешавад.Такмили он на танҳо ба Афғонистон, балки ба кишварҳои Осиёи Марказиву Эрон ҳам нафъи зиёди иқтисодӣ хоҳад овард.


Дар солҳои шастуми қарни гузашта дар Афғонистон татбиқи лоиҳаи бузурги сохтмони шоҳроҳи пайвасткунандаи тамоми шаҳрҳои муҳими ин кишвар маъруф бо номи "сараки ҳалқавӣ" оғоз ёфта буд. Сипас ҳалқаи хурдтаре мебоист шаҳрҳои дуюмдараҷаро бо марказҳои вилоятӣ ва шоҳроҳи ҳалқавӣ ҳамроҳ менамуд. Вале нооромиҳову ҷангҳои солҳои ҳафтодум имконнадоданд, ки бунёди ҳалқа дар Шимоли Афғонистон такмил ёбад. Бар илова баъзе бахшҳои шоҳроҳи мавҷуда дар натиҷаи таркишҳову бе назоратӣ аз байн рафт. Аз замони фурӯпошии ҳукумати Толибони афғон дар соли 2001-ум ҷомеаи ҷаҳонӣ ба эҳёи роҳҳои мошинггарди Афғонистон таваҷҷӯҳи хос нишон медиҳад.

Ҳафтаи гузашта Бонки Осиёии рушд сармоягузории такмили шоҳроҳ дар Шимолу ғарби Афғонистон, манотиқи ҳаммарзи Туркманистонро бар ӯҳда гирифт. Брайан Фосет раиси бахши Афғонистон дар бонки Осиёии Рушд дар ин бора мегӯяд: "Мо 176 миллион доллар тақдим хоҳем кард. Саҳми ҳукумати Афғонистон 4 миллион долларо ташкил медиҳад. Ин маблағ барои сохтмони роҳ дар байни минтақаҳои Боло Мурғоб ва Лемон, ки ба 143 километр баробар аст, масраф хоҳад шуд. Метавон гуфт, ки бо такмили ин бахш сохтмони шоҳроҳи ҳалқавӣ тақрибан ба поён мерасад. Ҳукумати Арабистони Саудӣ ва ва Бонки исломии рушд сармоягузории бунёди роҳ дар абйни минтақаҳои Лемон ва Амаликро бар дӯш хоҳанд дошт. Он гоҳ сохтмони шоҳроҳ ба анҷом мерасад."

Бонки Осиёии Рушд такмили сохтмони шоҳроҳи ҳалқавиро сутунмӯҳраи эҳёи шабакаи нақлиётии Афғонистон номидааст.Такмили сохтмони шоҳроҳи ҳалқавӣ дар барномаи миллии рушди Афғонистон зикр шудааст. Ин санад дар нишасти кумакрасонҳои байналмилалӣ дар Лондон дар соли 2006-ум ба тасвиб расида буд. Фосет мегӯяд, шояд иҷрои лоиҳа дар семоҳаи аввали соли оянда шурӯъ шуда ду-дувуним солро дар бар гирад.

Никлас Сванстрём мутахассиси Осиёи Марказӣ ва мудири Пажӯҳишгоҳи сиёсати амнияту рушд дар шаҳри Стокҳолм дар сӯҳбат бо адиои Озодӣ таъкид кард, ки шоҳроҳ Афғонистонро ба як пуле миёни ҷамоҳири Осиёи Марказӣ ва олами беруна табдил хоҳад дод. "Билохира, хеле муҳим аст, ки Афғонистон ҳамчун робитае дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бандарҳои шабеҳи Карочии Покистон бошад. Тадриҷан тиҷорат ба қадри назаррас афзоиш меёбад. Дар ин ҳол Афғонистон бо Тоҷикистону Қирғизистон ва аз он муҳимтар, бо манбаи рушди иқтисод: Қазоқистону Узбакистонро пайваст мешавад....Ба фикрам набояд унсури пайвастани се кишвари форсизабон мавриди хавф бошад. Ба ақидаи ман набояд таъсири ҷуғрофиёиву сиёсии ин лоиҳа аз ҳад зиёд баҳо дода шаҳвад. Фикр мекунам, ки эрониҳо ҳам мисли дигарон дар паи баҳрабардорӣ аз манфиатҳои иқтисодии истифодаи шоҳроҳ хоҳанд буд. "

Дар айни замон баъзе сиёсатмадорону шореҳон аз он нигаронанд, рушди шабакаҳои нақлиётӣ ба қочоқчиёни афғон содироти маводи мухаддирро осонтар мекунад. Дар ин масъала Никлас Сванстрём мегӯяд, ки дар баробари таҳкими ниҳодҳои қудратии Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя, садоқати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба эҳёи Афғонистон муҳим хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG