Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи Оҳани Абрешим ва Тоҷикистон


12 кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва ҳамсоягонаш ба гуруҳи чунин кишварҳо дохиланд. Аз ин 12 кишвар ҳоло Қирғизистон ва Туркманистон ба ин қарордод имзо нагузоштаанд. Ду кишвари дигар Покистону Гурҷистон низ ҳоло имзо накардаанд, вале дар иҷрои ин тарҳ ширкат хоҳанд дошт. Роҳи Абрешим барои тиҷорат миёни кишварҳои Аврупоӣ ва Осиёӣ, ба вижа бо Чин, аз гузаштаҳо машҳур буд ва кишварҳои мухталифро дар ҳар гушаи ҷаҳон ба ҳам мепайваст.

Фикри дубора фаъол сохтани ин роҳ аз тариқи роҳи оҳан бори аввал дар соли 1960 ба вуҷуд омад. Он вақт тарҳе баррасӣ шуд, ки роҳи 14-ҳазор километрии миёни Сингапур ва Туркия бояд тавассути Осиёи Ҷанубӣ, Ҳиндустон ва Покистону Ирон идома дода шавад. Ким Ҳак Су- мудири Иҷроии Кумисюни Иқтисодӣ ва Иҷтимоъии СММ барои кишварҳои Осиёӣ ва Уқёнусия, ки бар иҷрои тарҳҳои марбут ба шабакаи роҳҳои Оҳани Моварои Осиё назорат мекунад гуфт, қарордоди Пусанро 10-уми ноябр вазирони нақлиёти 18 кишвар имзо карданд. Арманистону Озарбойҷон, Ирону Руссия, Қазоқистону Тоҷикистон ва Узбакистон аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд. Ким Ҳак Су чунин мегуяд:


"Мо дар бораи ҳамгероии тулонии минтақа суҳбат мекунем, ки тавассути шабакаи роҳҳои оҳани моварои Осиё сурат мегирад. Тавре, ки маълум аст, як соли пеш роҳи автомобилрави Осиё гушоиш ёфта буд. Ҳоло ин қадаме ба пеш аст ва замоне ин кишварҳо хоҳанд фаҳмид ва эътироф хоҳанд кард, ки пайвастани онҳо ба якдигар чӣ қадр муҳим аст".

Дар як суҳбат, ки бо Муҳаммадюсуф Шодиев-таҳлилгари мустақили тоҷик аз Донишкадаи Нақлиёти Тоҷикистон доштам, аз вай дар бораи аҳамияти чунин роҳ барои Тоҷикистон пурсидам:


"Солҳое, ки Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ буд, дар бунбаст қарор дошт. Аз қаламрави Тоҷикистон роҳҳои автомобилӣ, ҳавоӣ ва оҳан намегузашт. Дар чанд қарордоде, ки байни Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ба имзо расиданд, имкон пайдо шуд, ки Тоҷикистон оҳиста-оҳиста аз бунбасти коммуникатсионӣ берун шавад. Мумкин аст дар натиҷаи доду гирифт ва густариши тиҷорат иқтисоди Тоҷикистон пеш ҳам равад. Пеш аз ҳама, агар ҳамлу нақли бор ва мусофирон сурат гирад, барои Тоҷикистон хеле муҳим хоҳад буд".


Оқои Шодиев афзуд, дар солҳои истиқлолият ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон бо хориҷ аз маҳдудаи Шуравии собиқ ҳам бо Аврупо ва ҳам бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ густариш меёбад ва бо пайвастани Тоҷикистон ба ин шабакаи роҳи оҳан, яъне Роҳи Оҳани Абрешим дасти Тоҷикистон ба ҳар су боз мешавад.

Афғонистон кишвари дигарест, ки дар масири Роҳи Абрешим мавқеъият дорад ва ҳоло бо назардошти вазъи сиёсиаш наметавонад дар ин тарҳ ширкат кунад. Интизор меравад, ки ин кишвар низ баътар ба кишварҳои узви ин қарордод бипайвандад. Ким чунин мегуяд:


"Ман фикр мекунам, ки Афғонистон баъдтар ҳамроҳ мешавад. Вале дар айни замон бидуни Афғонистон ҳам ин роҳи оҳан бо кишварҳои Ғарбӣ васл аст".

Бино ба гуфтаи коршиносон, мушкили дигари фаннӣ вуҷуд дорад. Бари роҳҳои оҳани кишварҳои Шуравии собиқ нисбат ба бари роҳҳои оҳани кишварҳои Осиёӣ васеътар аст. Роҳи оҳани Ҳиндустон аз ин ду навъи роҳ фарқ дорад. Ким Ҳак Су мегуяд, бо истифода аз контенерҳое, ки барои ҳамлу нақли коло дар кишварҳои мухталиф истифода мешаванд, ин мушкил метавонад ҳал шавад, яъне бор дар ҳамон контенер боқӣ мемонад ва танҳо чархҳои қатор иваз мешаванд, чархҳое, ки ба ҳамон роҳ муносиб мебошанд. Ҳоло мудири Иҷроии Кумисюни Иқтисодӣ ва Иҷтимоъии СММ барои кишварҳои Осиёӣ ва Уқёнусия мегуяд, роҳҳои оҳане, ки ба қарордоди Пусан медароянд, бояд роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ эълон шаванд. Роҳҳои оҳани Тоҷикистон низ ба он дохил мешаванд.
XS
SM
MD
LG