Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Булғористон: Ҳизби рӯ ба Ғарб пирӯз шуд


Бойко Борисов
Бойко Борисов

Интихоботи парлумонии Булғористон бо пирӯзии ҳизби ғарбгарои “Герб”-и собиқ нахуствазир Бойко Борисов анҷом ёфт. Дар интихобот ҳизби рӯ ба Русияи сотсиалистҳо мағлуб шуд. Баъди ҳисоби тахминан 90 дарсади раъйҳои интихоботи рӯзи 27 март баргузоршуда эълон шуд, ки ҳизби Борисов 32,58 ва сотсиалистҳо 26,8 дар сади овозҳоро ба худ ихтисос додаанд.

Чунин натиҷаҳоро қаблан ду созмони назархоҳии Alpha Research ва Gallup International Balkan пешгӯӣ карда буданд. Эътилофи миллатгароҳои ”Ваҳдати ватандӯстҳо” дар натиҷаи раъйгирӣ ба бурдани 9,2 дар сади тарафдоронаш муваффақ шуд. Натиҷаҳои ниҳоиву расмии интихобот рӯзи 30 март эълон мешавад. Борисов баъди ин ҳақи ташкили ҳукумати эътилофиро ба даст меорад. Ҳизби “Герб” тарафдори ҳамоиши наздиктари Булғористон бо Ғарб аст.

XS
SM
MD
LG