Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай рӯйхати дуввуми вазиронашро ироа кард


Рӯйхати нави номзадҳо имрӯз дар парлумони Афғонистон эълон шуд
Рӯйхати нави номзадҳо имрӯз дар парлумони Афғонистон эълон шуд

Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай дар пайи радди салоҳият шудани 17 номзад аз 24 номзади аввал ба узвияти кобинаи вазиронаш рӯйхати нави номзадҳо ба ин кобинаро барои раъйгирӣ ба парлумон ироа кард.

Интизор меравад, аъзои Вулусӣ ҷирга то поёни ҳафтаи оянда ин феҳрастро мавриди раъйгирии ҷадид қарор диҳанд.

Ин дуввумин феҳрасти номзадҳои пешниҳодӣ ба кобинаи нави вазирони Афғонистон аст. Радди салоҳият шудани бахши аъзам аз номзадҳои қаблӣ бузургтарин чолиш барои Ҳомиди Карзай аз замони нишастанаш ба курсии раҳбарии Афғонистон аз поёни соли 2001 ба ин сӯ дониста мешавад.

Интихоботи пуртақаллуби раёсатҷумҳурии Афғонистон дар моҳи август ва радди салоҳият шудани аксари номзадҳо аз рӯйхати аввали кобинаи вазирон ба эътибори Ҳомиди Карзай зарбаи ҷиддии сиёсӣ задааст ...
Зоҳиран бар асоси муомилае, ки бо аъзои парлумон сурат гирифтааст, рӯйхати ҷадид ҳамаи 17 номзади дар раъйгирии аввал раддисалоҳиятшударро истисно кардааст.

Дар феҳрасти нав исми 16 номзад омадааст. Аз ҷумла Залмай Расул, мушовири собиқадори Карзай дар масоили амниятӣ, ки акнун ба симати вазири умури хориҷӣ пешбарӣ шудааст. Ҳомиди Карзай аммо тасмимаш дар мавриди номзад ба раҳбари вазорати обу энержиро, ки бояд ҷойгузини ҷангсолори шинохта Исмоилхон шавад, ҳанӯз эълон накардааст. Ин дафъа ба симати вазири мухобирот низ касе пешбарӣ нашудааст.

Ноиби дуввуми раисиҷумҳури Афғонистон Карим Халилӣ, ки рӯзи шанбе рӯйхати дуввуми номзадҳо ба узвияти кобинаи вазиронро дар Вулусӣ Ҷирга муаррифӣ мекард, гуфт, номзадҳо ба раҳбарии ин ду вазоратхона ба зудӣ эълон хоҳанд шуд.

Аъзои парлумон қабл аз раъйгирӣ бо номзадҳо ба узвияти кобина суолу ҷавоб хоҳанд дошт. Раъйгирии 24 номзади аввал ба узвияти кобинаи вазирони Афғонистон муддати беш аз як ҳафтаро дар бар гирифта буд. Рӯзи шанбе раиси Вулусӣ Ҷирга Муҳаммадюнус Қонунӣ гуфт, раъйгирии феҳрасти комили кобинаи вазирон шояд то панҷшанбеи 14 январ анҷом шавад.

Интихоботи пуртақаллуби раёсатҷумҳурии Афғонистон дар моҳи август ва радди салоҳият шудани аксари номзадҳо аз рӯйхтаи аввали кобинаи вазирон ба эътибори Ҳомиди Карзай зарбаи ҷиддии сиёсӣ задааст.

Карзай феълан хеле мехоҳад, ки раванди ташкили давлати ҷадидаш то 28 январ, яъне то шурӯъи анҷумани байналмилалии масоили Афғонистон дар Лондон такмил шавад.

Ӯ рӯзи 4 январ ҳатто ба аъзои парлумон дастур дод, то ба хотири раъйгирии аъзои кобина таътили зимистонии худро қатъ карда, сари кор баргарданд.

Таҳлилгари афғон Зиё Рафъат мегӯяд, дар рӯйхати нави пешниҳодӣ ба фарқ аз феҳрасти қаблӣ намояндагони танзимҳои ҷиҳодӣ ва муттаҳидини интихоботии Карзай камтар шудаанд.

Бо ин ҳол, мардуми оддӣ дар Афғонистон умедворанд, ки кобинаи ҷадид дар фикри хидмат ба мардум шуда, ихтилофоти сиёсиву қавмиеро, ки дар ҷараёни корзори интихоботи раёсатҷумҳурӣ рӯ зад, рафъ хоҳад кард.

Аммо Амрико ва донорҳои дигари хориҷӣ ҷонибдори таҳқиқи мӯшикофонаи аъзои кобинаи нави вазирони Афғонистон буда, бар ин назаранд, ки ҳайъати кобина аз пойбандии Ҳомиди Карзай бар тааҳҳудоти супурдааш ҷиҳати набард алайҳи фасод ва ба роҳ андохтани ислоҳоти лозим дар кишвар дарак хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG