Пайвандҳои дастрасӣ

Анҷумани шарикони байналмилалии Афғонистон, ки имрӯз дар Кобул бо ширкати ҳайъатҳо аз 70 кишвару созмони байналмилалӣ доир шуд, аз қасди раиси ин ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай ҷиҳати то поёни соли 2014 бар ӯҳдаи нерӯҳои маҳаллӣ гузоштани масъулияти таъмини амният пуштибонӣ кард.

Аҳли нишаст ҳамчунин хостори то 2 соли оянда аз 20 дарсади феълӣ ба дастикам 50 дарсад расондани саҳми давлати Афғонистон дар амри истифодаи кӯмакҳои рушд шуданд, вале ҳамзамон аз Кобул замонат хостанд, ки ҷиҳати мубориза бо фасод ва беҳбуди шеваи идораи кишвар сахттар амал кунад.

Раёсати ин конфронсро ҳамзамон Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон ва Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ бар ӯҳда доштанд ва дар он вазирони хориҷаи Амрикову кишварҳои аврупоӣ ва кишварҳои ҳамсояи Афғонистон суханронӣ карданд.



Ҳайати Тоҷикистон ҳам ба сарпарастии Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон, ширкат ҷӯст. Дар як гуфтугӯ бо Саттори Фурӯғ, таҳлилгари умури Афғонистон дар радиои Озодӣ, ки дар Кобул аз толори конфронс сӯҳбат мекард, пурсидам, ки мавзӯи аслии суханрониҳо чӣ буд?

Ҷавоб: -Ин конфронс соати 9-и имрӯз бо суханронии ифтитоҳии Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, оғоз шуд. Онҳое, ки дар ин нишаст сӯҳбат мекунанд, аслан аз барномаҳо ва тарҳҳои ҳукумати Афғонистон бештар дар бораи идғоми муҷаддади мухолифин ва талошҳое аз сулҳ ба ҳадафи барқарорӣ ва таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ҳимояти худро эълон мекунанд.

Суол: -Ба назари шумо, нуктаҳои аслие, ки дар ин суханрониҳо роҷеъ ба сарнавишти ояндаи Афғонистон хотирнишон мешуд, чӣ буд?

Ҷавоб: -Бештар супурдани масъулиятҳои амниятии Афғонистон ба нерӯҳои амниятии кишвар сӯҳбат мешавад ва суханронон бештар таъкид мекунанд, ки зарфияти нерӯҳои афғон бояд боло бурда шавад, то онҳо битавонанд ором-ором масъулияти амниятиро аз нерӯҳои хориҷии мустақар дар Афғонистон бар ӯҳда бигиранд. Мубориза бо фасоду маводи мухаддир ҷиддитару беҳтар сурат бигирад. Ҳамчунон ҳукумати Афғонистон тарҳҳо ва барномаҳои мушаххасеро ба ҳадафи ҷалби кӯмакҳои байналмилалӣ дар ин нишаст пешкаш мекунад, то дубора тааҳҳуди ҷомеаи ҷаҳонӣ ташдид шавад дар робита ба ин барномаҳо. Ҳамчунон ҳукумати Афғонистон таъкид дорад, то бахши аъзаме аз кӯмакҳои ҷаҳонӣ аз тариқи буҷаи давлати Афғонистон ба масраф бирасад, зеро ба гуфтаи мақомоти расмии кишвар, кӯмакҳо, ки аз тариқи будҷаи давлатӣ ба масраф мерасад, муассиртар ва шаффофтар ст.

Суол: -Оқои Фурӯғ, мо иттилоъ ёфтем, ки ҷаноби Ҳомид Карзай дар суханронии худ таъкид карданд, ки то соли 2014 тамоми масъулияти амниятӣ дар саросари Афғонистон дар ихтиёри нерӯҳои худи Афғонистон гузошта хоҳад шуд. Оё барои гузор ба ҳамин марҳала оқои Карзай барномае пешниҳод карданд?


Ҷавоб: -Ин масъаларо ҳукумати Афғонистон борҳо таъкид кардааст, ки масъулияти амниятӣ бояд ба нерӯҳои афғон супурда шавад. Оё суоли асосӣ ин аст, ки зарфияти нерӯҳои афғон бояд боло бурда шавад, то битавонанд ҳамин масъулиятро бар ӯҳда бигиранд. Бештари суханронон, ба вижа, вазири хориҷаи Покистон ҳам ишора ба ҳамин масъала кард ва гуфт, ки ниёзманди он аст, ки зарфияти нерӯҳои афғон боло бурда шавад ва Покистон ҳам омода аст, то дар ин маврид бо Афғонистон ҳамкорӣ кунад. Давлати Афғонистон ҳам аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хоста, ки дар қисмати боло бурдани зарфиятҳои нерӯҳои афғон бештар кӯмак бикунанд ва тааҳудашонро таҷдид намоянд.

Суол: -Ширкати вазири хориҷаи Амрико, дабири кулли паймони НАТО, соири вазирони ҳамсояву Аврупо ва раҳбарони созмонҳои байналмилалӣ дар ин конфронс хеле муҳтарам аст. Оё аз ҷониби онҳо низ ба ин хостҳои оқои Карзай посухе дода шуд ва маҳофили байналмилалӣ чӣ тарз ояндаи амнияти Афғонистон ва таъмини онро тасаввур мекунанд?

Ҷавоб: -Бан Ки Мун, дабири кулли СММ ва хонум Ҳилларӣ Клинтон, вазири хориҷаи Амрико, аз барномаҳо ва тарҳҳои ҳукумати Афғонистон ва аз суханони оқои Карзай ҳимояти худро эълон карданд. Вазири хориҷаи Амрико дар идомаи кӯмакҳои кишвараш таъкид намуд ва гуфт, ки ин гирдиҳамоӣ ва ё ташрифоварии мақомоти ҷаҳонӣ дар Афғонистон, ҳимоят аз мардуми Афғонистон ва барномаҳои ҳукумати Афғонистон аст. Вай афзуд бо ин ки дар моҳи июли соли 2011 раванди хуруҷи нируҳои амрико аз Афғонистон оғоз мешавад, аммо кӯмакҳои Амрико дар бахшҳои мухталиф, ба хусус дар қисмати таълиму тарбияи нерӯҳои афғон ҳамчунон идома пайдо мекунад ва ба ҳолати худ боқӣ мемонад. Бан Ки Мун низ аз идомаи талошҳо ва тааҳудоти СММ дар робита ба Афғонистон итминон дод ва хостори ин шуд, ки талошҳои бештар бояд сурат бигирад, то мушкилоти мавҷуд дар Афғонистон ҳал шавад.

Суол: -Ба назари таҳлилгарон конфронси имрӯзӣ аз конфронси моҳи январи соли ҷорӣ дар Лондон роҷеъ ба Афғонистон бо чӣ фарқ дорад?

Ҷавоб: -Таҳлилгарон мегӯянд, конфронс аз ин лиҳоз дорои аҳамият аст, ки ин конфронс аз тарафи худи афғонҳо ва барои нахустин бор чунин конфронсе дар Кобул бо иштироки мақомоти баландпояи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор мешавад ва ҳукумати Афғонистон тарҳҳо ва барномаҳоеро, ки омода сохтааст, ироа мекунад ва ибрози умедворӣ мекунанд, ки ҳамон тааҳҳудот ва ҳимоятҳо дар ҳарф набошад ва ҷомаи амал бипӯшад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG