Пайвандҳои дастрасӣ

Абхозистон бозгашти фирориёни гурҷиро мехоҳад


Вазири хориҷаи ҷумҳурии ҷудоиталаби Абхозистон Сергей Шамба

Вазири хориҷаи ҷумҳурии ҷудоиталаби Абхозистон Сергей Шамба

Мақомоти Абхозистон мегӯянд, омодаанд дар мавриди бозгашти фирориёни гурҷӣ ба Абхозистон бо мақомоти Гурҷистон пушти мизи гуфтугӯ нишинанд.

Вазири умури хориҷии ҷумҳурии ҷудоиталаби Абхозистон Сергей Шамба дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Мо ҳозирем масъалаи бозгашти фирориёнро баҳс кунем. Мо солҳост, ки рӯйи ин мавзӯъ баҳс дорем. Ҳаргиз баҳси онро рад накардем. Мо мақоми Абхозистонро баҳс намекунем, аммо бозгашти фирориёнро баҳс мекунем”.

Сухан дар бораи сарнавишти 250 000 гурҷие меравад, ки дар пайи ҷанги шаҳрвандии ибтидои солҳои навадум дар Абхозистон аз ин минтақа фирор кардаанд. Сергей Шамба қаблан гуфта буд, ки Сухуми мухолифи бозгашти ин беҷошудагон нест, вале онҳо метавонанд танҳо ба ҷануби Абхозистон баргарданд.

Ин ҳарфҳои оқои Шамба замоне садо медиҳанд, ки Франк -Валтер Штейнмайер, вазири умури хориҷии Олмон, ва Меттю Брайза, ёвари муовини вазири хориҷаи Амрико, дар миёнаҳои моҳи июл бо нияти созиши ҳарду ҷониб аз минтақа боздид анҷом додаанд. Вазири умури хориҷаи Олмон, ки раёсати давраии Гурӯҳи Дӯстон дар Созмони милалро ба ӯҳда дорад, ба хотири ҳалли моҷарои миёни Абхозистону Гурҷистон ва Русия як тарҳи иборат аз 3 давраро пешниҳод кард.

Бар асоси ин тарҳ, тарафҳо бояд аз истифодаи роҳи зӯрӣ ва хушунат даст кашида, роҳи бозгашти муҳоҷирони гурҷӣ ба Абхозистонро боз кунанд. Дар иваз, ба хотири эъмори муҷаддади он минтақа кӯмакҳои саршори иқтисодӣ ваъда шудааст. Таъйини мақоми ниҳоии Абхозистон, тибқи ин тарҳ, дар марҳалаи охирини он баррасӣ хоҳад шуд. Гурӯҳи Дӯстон, ки зери назари дабири кулли Созмони милал ба хотири ҳаллуфасли моҷарои давлати Гурҷистон бо вилоёти ҷудоиталабаш ташкил шудааст, Бритониё, Амрико, Русия ва Фаронсаву Олмонро дар бар мегирад.

Аммо тарҳи пешниҳодии Олмон аз сӯи ҷудоиталабони абхоз билофосила рад шуд. Ва ҳатто дар ин лаҳзаҳо, ки то музокироти таҳти назари Гурӯҳи Дӯстон дар Берлин соатҳои башуморе мондааст, ҳанӯз дақиқан маълум нест, ки оё ҳайъати Абхозистон ба ин мулоқот хоҳад рафт, ё хайр. Аммо охирин хабарҳо аз Берлин ҳокист, ки музокироти ин мавзӯъ бо дархости Абхозистон барои муддати ҳанӯз номушаххасе ба таъхир андохта шудааст.

Мақомоти Гурҷистон мегӯянд, таъхир дар музокироти Берлин дар асл ибтикори Русия буд, на Абхозистон. Ва Маскав мехоҳад бо дарёфти фурсати бештар дидгоҳҳои худ бо Сухумиро дар қиболи тарҳи пешниҳодкардаи Олмон хубтар ҳамоҳанг кунад.

XS
SM
MD
LG