Пайвандҳои дастрасӣ

Ду тоҷик дар Русия гурӯҳеро созмон доданд, ки ба сарнавишти навзодони дилнохоҳи волидайн дахолат мекунад ва аз бекас мондани ин тифлон пешгирӣ менамояд. Созмон ба нахустин муваффақиятҳо ноил шудааст, вале кӯмаки ҳамагонро мехоҳад.

Бунёди мусоидат ба ҳифзи модару кӯдак бо номи "Маро бигир, модар" ё "Даргил наник" дар Маскав наздик ба 200 кӯдаки навзодро аз фурӯгузор шудан ба Хонаи бачагон ва бекасию сарнавишти номаълум наҷот дод. Он барои маърифати модарони ҷавон филми мустанадеро таҳия кард, ки ба сарнавишти кӯдакони матруки тоҷику узбаку қирғиз дар парваришгоҳҳои Русия бахшида шудааст.

Коргардони филм ва яке аз сарварони бунёди "Даргил наник" Меҳмоншо Меҳмоншоев мегӯяд, ҳадаф аз филми ӯ пешгирӣ аз қадами муфоҷои модарон дар тарки атфоли навзодест, ки фарзандони нохоҳаму нодаркор шумурда мешаванд.

Филм дар Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистон наворбардорӣ шуда, ба гуфтаи мудири иҷроии бунёди "Даргил наник", Мадина Юлдошева, дар таҳияи он бисёре аз ҳунарпешагони саршиноси Русия ширкат варзиданд.

НАНГУ НОМУС


Сокини деринаи шаҳри Маскав, собиқ душанбегӣ, Мадина Юлдошева, мегӯяд, ҳамеша аз хабарҳои ёфт шудани кӯдакони навзоди занони муҳоҷир дар қуттиҳои ахлот сахт нороҳат мешавад. Вай мегӯяд, барои телевизиони Русия ин гуна хабарҳо доғ ва такондиҳандаанд, барои муҳоҷирон шармсоркунанда.

Чунончӣ, чанде пеш зани муҳоҷиреро нишон доданд, ки кӯдаки навзодашро аз тирезаи бинои бисёрошёна берун партофтааст.

Мадина мегӯяд: "Бо ӯ саволу ҷавоб карданд. Гуфт, чӣ кор кунам, на пуле дорам ва на ҷои зист, ба куҷо барам ӯро? Ин зани муҳоҷире аз Қирғизистон буд, аммо дар байни занони муҳоҷири тоҷик ҳам ин ҳолат ҳаст."

Мадина дертар инро ҳам шунид, ки занони зиёде дар зоишгоҳҳо аз тифлакони худ рӯ мегардонанд ва ба осонӣ аризаи радди фарзанди хешро имзо мекунанд. Вақте мешунид, зани тоҷике чунин кардааст, нанги миллияш бедор мешуд ва ҳангоме хабар меомад, ки ин кор аз зани қирғиз ё ӯзбак баромадаст, номуси динияш.

Аммо вақте ҳамроҳи ҳунарпешаи синемои Русия, Меҳмоншо Меҳмоншоев, бори нахуст ба яке аз парваришгоҳҳои Маскав қадам ниҳод ва кӯдакони зебои тоҷикро дар он ҷо дид, беихтиёр ашк аз чашмонаш равон шуд. "Ман ба ваҳшат омадам. Худ аз худ, дар дили худ фарёд задам, ки чаро? Кадом модар ин гуна дили санг дорад ва ё ин гуна ночор шудааст, ки аз фарзанди худаш даст кашад?"

ЧАРО ЧУНИН МЕШАВАД?


Муҳоҷирати афзояндаи занон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба зиёд шудани теъдоди навзодони матрук дар Русия сабаб гаштааст. Мақомоти Русия мегӯянд, танҳо дар як-ду соли охир сангинии ин масъаларо дарёфтаанд ва ҳоло теъдоди чунин кӯдакон танҳо дар вилояти Маскав ба 6 000 нафар мерасад.

Навборбардорӣ. Меҳмоншоҳ бо духтарчаае нишастааст.
Бисёриҳо бо шунидани ин арқом занонро ба бадахлоқӣ ва бемасъулиятӣ гунаҳкор мекунанд. Вале Меҳмоншоҳ мегӯяд: "Дар ин ҷо фақат занонро айбдор кардан мумкин нест. Бисёр мардҳо ҳам гунаҳкоранд. Онҳо ҳамдиёрони худро ба ишқварзӣ мойил ё маҷбур мекунанд. Гоҳо никоҳи мусулмонӣ ҳам мекунанд, ҳамхоба мешаванд ва баъд мегурезанд. Ҳамин чанд рӯз пеш духтараке зоид. Дар як таҳхона. Худаш аз Узбакистон ва шавҳараш аз Тоҷикистон будааст. Никоҳ доштаанд. Аммо падари кӯдак фирор кард. Ҳоло ин духтар намедонад, чӣ кор кунад. Гуфт, кӯдакро мепартояд. Мо ба вай ёрдамм кардем, қабул кард ва ба ватанаш фиристодем. Ду духтари дигар буданд. Ҳарду тоҷик. Соли таваллудашон 1992. Онҳоро дар бозори Черкиз касоне таҷовуз кардаанд. Зоиданд. Худашон кӯдак, намедонанд, чӣ кунанд."

Баъзеҳоро волидайнашон аз Тоҷикистон ё Узбакистону Қирғизистон таҳдид мекунанд, ки бо кӯдак барнагарданд ва хонадонро шармсор накунанд. Баъзеи дигар пуле надоранд ва мехоҳанд, кор кунанд, аммо бо кӯдаки хурдсол касе ба онҳо манзили иҷора намедиҳад ва касе ҳам сарпарастии тифлро ба зимма намегирад.

Чанде аз занони тоҷик, бо сабаби надонистани забони русӣ ва ҳуқуқҳои худ ба асноде имзо гузоштаанд, ки тибқи онҳо гӯё аз фарзандашон даст кашидаанд. Акнун танҳо додгоҳ метавонад, кӯдакро ба онҳо баргардонад.

САРОҒОЗИ ТАШАББУС

Меҳмоншо Меҳмоншоев ва Мадина Юлдошева, ки бо пешниҳоди Департаменти умури оила ва ҷавонони ҳукумати шаҳри Маскав ва дар як қатор бо намояндагони диаспораҳои дигари миллии Русия аз чанд парваришгоҳ дидан мекарданд, дар поёни сафари андӯҳомез тасмим гирифтанд, ки барои ҳалли мушкил ё сабуктар кардани он бояд коре кунанд.

Дар натиҷа моҳи июни соли 2009 бунёди "Маро биёб, модар" ё "Даргил наник" таъсис дода шуд. Дар ҳоле ки аввал онҳо ҳамагӣ ду нафар буданд, ба зудӣ дигарон, аз ҷумла коргардони саршинос Бахтиёр Худойназаров, ҳунарпешаҳои синемо Лариса Гузеева, Ирина Розанова, Фарҳод Маҳмудов, Игор Гаспариян, дизайнери қирғиз Гулнора Качаганова, ҳунаршинос ва душанбегии собиқ Юлия Хижняк ва дигарон ба ин ташаббус шарик гаштанд.

Касе гумон мекунад, ки Мадина ва Меҳмоншо барои дарёфти грантҳои хориҷӣ даст ба ин кор задаанд, ғалат мекунад. Ин бунёд то ҳол ягон спонсор ё имдодрасон надорад. Онҳо аз нерӯи худ ва камтарин имкониятҳои мавҷуда истифода мекунанд ва ҳамин рӯзҳо дар хонаи Мадина, ба ғайр аз шавҳару кӯдакони худаш ду зани тоҷик бо навзодони хеш ба сар мебаранд.

Меҳмоншо мегӯяд, боре дар масҷид китоберо хонда буд ва дар он гуфта мешуд, бузургтарин савоб ин аст, ки ё ба ятим мадад расонӣ ва ё ба бемор. Аз ҳамон вақт ин ҳикмат дар ёдаш нақш бастааст.



Филмеро, ки Меҳмоншо ба навор гирифт, дар паҳлуи филму барномаҳои дигар ва гӯё аз ҳисоби он филму барномаҳо омода шудааст.

ФИЛМЕ БО ҲУШДОР

Дар филми Меҳмоншо, ҳамзамон бо даъватҳои самимона аз модарони ҷавон, аз чанд сарнавишти ибратомӯз ҳикоят мешавад. Барои намуна, сокини Хоруғ, Садбарг Мирзоева нақл мекунад, ки духтарчааш Шаҳноза фалаҷ ба дунё омада буд, вале ӯ аз баҳри фарзандаш нагузашт, балки тамоми талошашро кард ва ниҳоят ӯро ба пой гузошт.

Ноиби аввали раиси Департаменти ҳукумати Маскав дар умури оила ва ҷавонон Татяна Неверова дар ин филм мегӯяд: "Агар ошкоро бигӯям, ҳайронам, ки чӣ хел намояндагони чунин як миллати қадимӣ ва дорои таъриху фарҳанги қадимӣ, одамоне ки ба дини худ пайванди устувор ва қавӣ доранд, аз диёнат бохабаранд, ростӣ ин барои ман комилан нофаҳмост, ки чӣ хел онҳо фарзандони худро дар зоишгоҳҳо ва бемористон тарк мекунанд."

Меҳмоншо мегӯяд, заноне, ки ҳадафи таҷовуз қарор мегиранд ва ё фирефта мешаванд ва замоне дарк мекунанд, ки обистан ҳастанд, ба тифли худ ҳамчун ба мушкил ва душмани хеш менигаранд. Аз таънаи мардум меҳаросанд, ба сахтии рӯзгор меандешанд ва кӯдакро сарборӣ мешуморанд.

Вале, меафзояд Меҳмоншо, ин як ҳолати муваққатии давраи бисёр ҳассоси модарон аст ва агар мудохилаи дуруст сурат гирад ҳама чиз тағйир меёбад. "Онҳо набояд шитоб кунанд. Бояд бо онҳо сӯҳбат карду фаҳмонд, ки хеле фикру андеша кунанд. Ман шоҳидам, ки вақте онҳо кӯдаки худро мебинанд, ба вай шир медиҳанд, вайро оғӯш мекунанд, меҳри модарӣ бедор мешавад ва ин фикрҳо аз сари онҳо берун меравад. Баъд ба хулосае меоянд, ки набояд фарзанди худро хор кунанд."

Мадина ва писарчааш Азамат
Ба гуфтаи Мадина, мушкили равониро метавон бо сухан ҳал кард, аммо баъдан мушкилоти ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ пайдо мешаванд, ки бе мадади ҳамагонӣ онҳоро ҳал кардан номумкин аст. Гоҳо аз надонистани забон ва қонунҳои русӣ занони тоҷик иштибоҳан санади радди фарзандро имзо кардаанд ва акнун танҳо додгоҳ метавонад, кӯдакро ба онҳо баргардонад. Дигаре аз тарси он ки пизишкон пул талаб мекунанду ӯ надорад, кӯдакашро партофта, аз зоишгоҳ фирор кардааст. Баъзан дарвоқеъ пизишкони бевиҷдоне шиносномаи занонро мусодира ва дастмузд талаб мекунанд.

Мадина ва Меҳмоншо тавонистаанд, дар чанде аз чунин маворид мушкилро ҳал кунанд ва аз ин лиҳоз сабтиноми расмии созмони онҳо дар Вазорати адлияи Русия ҳаётан муҳим будааст.

Дар филм лаҳзаҳое ҳаст, ки одамони безурёт дар орзуи кӯдак солҳо ба мазорҳо мераванд, қурбонӣ мекунанду дуо мефиристанд, аммо модароне бо як имзои худ кӯдакеро, ки ба дунё овардаанд, ҳаволаи тақдир дар дунёи бераҳм мекунанд.

Ҳамчунин дар филм, зане дар калисо тақрибан андарзи тоҷикиро такрор мекунад, ки ризқи кӯдакро худо худаш медиҳад. Вай мегӯяд, худо кӯдакро ҳамроҳи ризқаш халқ мекунад. Онҳое, ки фарзанди худро тарк мекунанд, баъдан якумр пушаймон хоҳанд буд.

ҚАДАМИ БАЪДӢ

Мадина ва Меҳмоншоҳ мегӯянд, онҳо тасмим гирифтанд, ки бо ҳамдиёрони худ маҳдуд нашаванд. Кӯдакон ва сарнавишти онҳо, қатъи назар аз миллияту қавмият дили онҳоро ба дард меорад. Дар поёни сӯҳбат Меҳмоншо боз таъкид кард: "Баъзеҳо "кӯдаки ҳаромӣ" мегӯянд. Кӯдак ҳаромӣ нест, балки падару модараш, ки корро карданд ва ба ин ҷо расонданд, ҳаромиянд. Кӯдак фаришта аст!"

Орзуи ду фарзанди Тоҷикистон дар ҳифзи ҳаққи кӯдакони ғурбат ин аст, ки як манзиле бисозанд ва занон бо атфоли худ он ҷо бимонанду агар чанде аз онҳо кор кунанд, чанде дигар хоҳанд тавонист кӯдаконро парасторӣ намоянд. Онҳо ҳамчунин умедворанд, ки ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ низ ба ин масъала таваҷҷӯҳ зоҳир хоҳанд кард ва ба кӯмаки кӯдакони муҳоҷират хоҳанд расид.

Мақомоти Русия гуфтаанд, агар дар Тоҷикистон ашхосе ҳастанд, ки мехоҳанд, кӯдакони бепарастори тоҷик дар Русияро фарзанд хонанд ва ба Тоҷикистон бозгардонанд, ба онҳо кӯмак хоҳанд кард. Аммо ба қавли Мадина ва Меҳмоншо ин кори душвор ва пур аз коғазбозист, ки бе дахолати ҳукумати Тоҷикистон ва сафорати он дар Маскав осон намешавад.

Созмони “Маро бигир, модар” ё “Даргил наник” нақшаҳои зиёде дорад, аммо бепул аст ва хеле мамнун мешавад, агар хоҳишмандон битавонанд ба он кӯмак кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG