Пайвандҳои дастрасӣ

Бунёди кӯдакони СММ мегӯяд, сирояти ангезандаи камбуди масунияти бадан (ВИЧ ё HIV) дар Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ бо суръати нигаронкунанда тавсеа меёбад. Созмон сабаби онро дар истифодаи маводи мухаддир ва равобити ҷинсии беназм мебинад.

Ҳамчунон ЮНИСЕФ илова мекунад, ки мардум аз доғи иҷтимоии ин падида дар хавф буда, аз гирифтани иттилоъ ба хотири ҷилавгирӣ ва табобати он худдорӣ мекунанд.

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ кӯдакони гирифтори ангезаи камбуди масунияти бадан ё худ ВИЧ, навҷавонони марбут бо гурӯҳи ба истилоҳ "риск", занони ҳомилаи истеъмолкунандаи маводи мухаддир ва беш аз як миллион кӯдаки кӯча бо сарзанишу табъид рӯ ба рӯ ҳастанд.

Сирояти ВИЧ ба кӯдакон

Бунёди Кӯдакони СММ ҳаёти ин табақаро дар гузорише зери унвони "Сарзанишу табъид: Сирояти пинҳонии ВИЧ (HIV) ба кӯдакони Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ таъсир мерасонад." ба табъ расондааст.

Ба қавли муаллифони гузориши UNICEF, навҷавонони дар канор монда бо таҳдидҳои мухталиф, аз ҷумла истеъмоли маводи мухаддир, фаҳшо ва навъҳои дигари истисмор мувоҷеҳ мебошанд, ки дар ниҳояти амр имкон дорад бо сирояти ВИЧ (HIV) анҷом бигирад.

UNICEF иброз доштааст, ки ин раванд хеле ҳам ташвишовар аст, зеро дар ин минтақа наздик ба 3,7 миллион мӯътоди тазриқии маводи мухаддир ба сар мебарад, яъне онҳое, ки ба воситаи сӯзан маводи мухаддирро мавриди истеъмол қарор медиҳанд.

Ба навиштаи Бунёди Кӯдакони СММ низоми феълии беҳдошт ва ҳифзи иҷтимоӣ муомила бо навҷавонони мувоҷеҳ ба рискро мадди назар надорад ва вақте онҳо мехоҳанд дар бораи табобати ВИЧ (HIV) маълумот ва ё кумак дастрас кунанд, онҳоро ба қазовати ахлоқӣ, тӯҳмат ва ҳатто муҷозоти ҷиноӣ рӯ ба рӯ мекунанд.

Ниёз ба хадамоти кумакрасон

UNICEF меафзояд, ҳукуматҳои кишварҳои минтақа ба таъсиси хадамоте эҳтиёҷ доранд, ки бо мардуми мубталои ВИЧ-СПИД муомилаи инсондӯстона дошта бошад.

Аз ин ҷост, ки дар минтақаи Кӯлоби Тоҷикистон шуморе аз ҷавонони мубталои ВИЧ (HIV) тасмим гирифтаанд, созмонеро ташкил дода, ба гирифторони ВИЧ (HIV) ва СПИД кумак и бидуни миннат расонанд. Аз ҷумла як созмони байналмилалии мустақар дар Кӯлоб барои сабти номи созмони гирифторони ВИЧ-СПИД ёрӣ мерасонад.

Мудири иҷроияи UNICEF Энтонӣ Лейк кӯдакон ва навҷавононе, ки аз ҳаёти ҷамъиятӣ дар канор мондаанд, ба хадамоти тиббиву иҷтимоӣ ниёз доранд, на танқиду мазаммат.

Дар гузориши UNICEF бунёди 100 муассисаи кумакрасон дар қаламрави Русия ҳамчун намуна ёд шудааст. Дар ин муассисаҳо ба ҷавонони мубталои ВИЧ-СПИД ёрии беҳдоштӣ, маълумоти зарурӣ ва кумаки равонӣ расонида мешавад.

Дар ин гузориш як намуна аз Тоҷикистон ҳам оварда шудааст. Як ҷавон дар Тоҷикистон ба муаллифони гузориши UNICEF гуфтааст, вақте маро аввалин дафъа барои муоинаи тиббӣ даъват карданд, дар дил бовар доштам, ки ин як ҳиллаи полис аст, ба хотири ташхиси мардуми мубталои ВИЧ-СПИД, вале ходимони он созмон бо муоинаву табобат ва тақдими маҷонии рифолаву дигар ниёзмандиҳои аввалия собит намуданд, ки нияти дигаре надоранд. Акнун ин фарди мубтало рафиқонашро ҳам бо худ ба он ҷо бурдааст.

Конфронси байнулмилалии мубориза бо СПИД

Аммо рӯзи душанбе вакилони конфронси байналмилалии мубориза бо ВИЧ-СПИД дар шаҳри Вена изҳор намуданд, ки сарфи назар аз дастовардҳо вазъ нигаронкунанда аст. Ҳулио Монтанйер, раиси ҷамоаи байналмилалии мубориза бо СПИД, аз минбари конфронс гуфт, кишварҳои саноатӣ маблағҳоеро, ки барои мубориза бо ВИЧ-СПИД ваъда дода буданд, фароҳам наовардаанд. Монтанйер афзуд, бо ин ҳол барномаи ҳазора, ки тибқи он тамоми мардуми мубталои ВИЧ-СПИД ба табобати саросарӣ дастрасӣ нахоҳад дошт.

Аммо собиқ президенти ИМА Бил Клинтон бо ишора ба бӯҳрони иқтисодӣ ҳушдор дод, ки набояд аз кишварҳои кумакрасон маълағҳои иловагӣ интизор дошт: "Дар кишварҳои зиёд пули зиёде барои вохӯриҳои зиёд ва тақдими кумакҳои зиёди техникӣ масраф мешавад. Хуллас, пули зиёде ба хотири арзёбиҳое, масраф шудааст, ки рӯи раф хобидаанд."

Конфронси байналмилалии мубориза бо СПИД то рӯзи ҷумъа идома мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG