Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари ногаҳонии Райс ба Кения


Вазири умури хориҷаи Амрико Кондолиза Райс имрӯз, 18 феврал ба хотири мусоидат ба музокироти сиёсӣ дар Кения, ки гирифтори бесарусомониҳои сиёсӣ шудааст, вориди шаҳри Найробӣ пойтахти он кишвар шуд.

Хонум Райс, ки раиси ҷумҳур Ҷорҷ Бушро дар сафараш ба қораи Африқо ҳамроҳӣ мекард, ба таври ногаҳонӣ ба Кения омад, то бо раиси ҷумҳур ва раҳбари мухолифони ин кишвар гуфтӯгу кунад. Интихоботи ҷанҷолии моҳи декабр, ки дар он раиси ҷумҳур Мваӣ Кибакӣ дигарбора пирӯз шуд, бенизомиву хунрезиҳоро дар Кения барангехт. Дар натиҷа 1000 нафар кушта ва 300 ҳазор нафар бехонаву ҷо шуданд. Кондолиза Райс дар Кения бо дабири кулли собиқи Созмони Милал Кофӣ Анон мулоқот хоҳад кард, ки ӯ ҳам барои миёнҷигарӣ дар музокироти ду тарафи мухолиф омадааст.

XS
SM
MD
LG