Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баррасии сарнавишти Косово дар Аврупо


Вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо имрӯз гирди ҳам меоянд, ки дар он ҳамоиш асосан эъломи истиқлолияти Косово баррасӣ хоҳад шуд. Интизор меравад, ки теъдоде аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо Косоворо, ҳамчун кишвари мустақил ба расмият бишиносанд, вале чанде аз аъзои ин иттиҳодияи дорои 27 узв қотеъона ба ин амр мухолифат кардаанд. Қарор аст, имрӯз Шӯрои Амнияти Созмони Милал иҷлоси дуввуми изтирории худро барои баррасии эъломи истиқлоли Косово баргузор кунад, чун дар нишасти рӯзи якшанбеи он ихтилофоти назар роҷеъ ба ин масъала рафъ нашуд. Нишасти паси дарҳои бастаи рӯзи якшанбе ба талаби Русия баргузор шуд, ки чун Сербистон мухолифи ҷудо шудани Косово аз ин кишвар аст. Косоворо, ки як вилояти умдатан албаниниши Сербистон аст, то кунун Созмони Милал идора мекард.

XS
SM
MD
LG