Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кӯмаки Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон


Мақомоти Арабистони Саудӣ мегӯянд, шоҳи ин кишвар Абдуллоҳ ибн Абдулазиз дастур додааст, то ба Тоҷикистон, ки дучори сармои қаҳратун ва бӯҳрони энержӣ шудааст, 10 миллион доллар кӯмаки бебозгашт дода шавад. Бар асоси иттилоъи хабаргузории давлатии Арабистони Саудӣ (SPA) бар изофаи ин кӯмак, рӯзи якшанбе 17 феврал нахустин ҳавопаймои Арабистони Саудӣ ҳомили 10 тоннаву 500 кило маводи ғизоӣ ва ҷойхобу дигар маводи ниёзи аввалия вориди Душанбе шуд.

XS
SM
MD
LG