Пайвандҳои дастрасӣ

Муроҷиати СММ барои кӯмак ба Тоҷикистон


Майкл Ҷонс, ҳамоҳангсози барномаи Рушди СММ дар Душанбе ҳини эълони муроҷиатнома

Майкл Ҷонс, ҳамоҳангсози барномаи Рушди СММ дар Душанбе ҳини эълони муроҷиатнома

Созмони Милал зимни муроҷиати изтирорӣ аз созмонҳову кишварҳои кумакрасон барои пушти сар гузоштани буҳрони Тоҷикистон кумак дархост кард.

Майкл Ҷонс, ҳамоҳангсози барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон, зимни муроҷиат ба гурӯҳҳои кумакрасон гуфт, дар ҷумҳурӣ ҳолати буҳронии бесобиқае пеш омадааст, ки вазъи таъмин ба ғизо ва энержиро дучори ваҳомат кардааст.

Ӯ афзуд, имкон дорад то авоили баҳор Тоҷикистон натавонад бештар аз 40 дарсади барқи мавриди ниёзи худро тавлид бикунад ва ба ин далел реҷабандии барқ идома хоҳад дошт. Ва танҳо дар Душанбе пойтахт дар шабонарӯз 10 саот барқ дода мешавад, вале аксари манотиқ ҳамчунон бидуни барқ, гармӣ ва об боқӣ мондаанд.

Майкл Ҷонс гуфт, камтар аз 60 рӯз ба инҷониб суботи иқтисодии Тоҷикистон дучори ихлол аст. Ва бо фаросарии баҳор интизор меравад, ки авзоъ бар асри ҳаводиси табиӣ, назири обхезӣ ва сел, аз ин ҳам бадтар шавад. Барои расонидани кумаки изтирорӣ барои мардумони гирифтори Тоҷикистон дар марҳилаи аввал ба 25 миллион доллар кумак ниёз аст. Ҷомеаи байнулмилалро зарур аст, ки барои коҳиш додани оқибатҳои зарарбори сармо дар Тоҷикистон аз тамоми имконоти ихтиёраш истифода кунад.

Бино ба иттилоъи ниҳодҳои марбутаи СММ, сармои бесобиқаи имсол хоса ба бахши кишоварзӣ зарари қобили мулоҳизае ворид кардааст. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки 50 дарсади ҳолиси мавҷуди картошка, 30 дарсади пиёз сармо хурда ва ғайри қобили истифода шудааст. Ҳамчунин аксари заминҳои кишоварзӣ низ дучори сармохурдагӣ шуда ва дар соли равон ҳосили камтар хоҳанд дод.

Дар ҳамин ҳол Ғулом Бобозода, вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон, гуфт, хисорте, ки бар сари сармо мувоҷеҳи он шудааст, ба маротиб бештар аз 25 миллион доллар аст. Ӯ афзуд, он чӣ ки ниҳодҳои марбутаи СММ дар гузориши худ таъкид кардаанд, хисорот ба бахше аз соҳот аст. Аммо ин кумакҳои изтирорие, ки сурат мегирад, дар ҳар ҳаҷме, ки бошад ба пушти сар гузоштани сармо кумак мекунад.

Ин дар ҳолест, ки то ҳоли ҳозир, ба гуфтаи мақомоти вазорати беҳдошт ва энержӣ, тавасути ниҳодҳои марбутаи СММ ва созмони ҷаҳонии беҳдоштӣ аксари зойишгоҳҳо ва бемористонҳо ба дастгоҳҳои тавлиди барқ таъмин шудаанд.

XS
SM
MD
LG