Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷудоихоҳоини Гурҷистон соҳибистиқлолӣ мехоҳанд


Хабаргузории Интерфакси Русия аз қавли раҳбарони минтақаҳои ҷудоихоҳи Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистони Гурҷистон овардааст, ки онҳо нақша доранд аз Русия ва СММ ба мисли Косова эътирофи истиқлолашонро талаб кунанд.
Интерфакс аз нақли раҳбари абхозиҳо Сергей Багапш мегӯяд, ки ин тақозо "дар ояндаи наздик" дар миён гузошта мешавад.
Ҳамчунин Интерфакс аз қавли раҳбари Осетияи Ҷанубӣ Эдуард Кокойтӣ гузориш медиҳад, ки ин минтақа аз Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ ва СММ эътирофи истиқлолашро дархост хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG