Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Туркия ҷонибдори озодии баён аст


Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон мегӯяд, ҳукумати зери раҳбарии ӯ ислоҳоти қонуни озодии баён дар ин кишварро амалӣ хоҳад кард. Иттиҳодияи Аврупо ин ислоҳро шарти узвияти Туркия дар ин созмон мешуморад.
Миллатгароҳои туркӣ ба ин ислоҳ мухолифанд, вале Эрдуғон гуфт, ӯ тасмимашро дигар нахоҳад кард.
Сарвазири Туркия афзуд, дар телевизиони давлатии Туркия канале ба забони курдӣ барнома пахш хоҳад кард. Ин боз як ҷавобе мебошад ба тақозои Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди беҳбуди ҳуқуқи фарҳангии курдҳо. Эрдуғон илова кард, ки шояд пахши барномаҳо ба забонҳои арабиву форсӣ низ роҳандозӣ шавад.
XS
SM
MD
LG