Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар интихобот раисҷумҳури Кипр ноком шуд


Дирӯз дар интихоботи президентиии Кипр ( Қибрис) раисҷумҳурии кунунии ин кишвар Тассос Пападопулос ноком шуд. Ғайримунтазира Пападопулос дар ҷои сеюм қарор гирифт ва аз ширкат дар даври ниҳоии раъйдиҳӣ маҳрум шуд.
24 феврал дар даври дуюм номзади коммунист Деметрис Христофиас ва довталаби муҳофизакор Йоанис Касулидис сабқат мекунанд. Ҳар яке аз ду номзад беш аз 33% овозҳоро касб намудааст. Онҳо ҳар ду аз мусолиҳа бо туркҳои шимоли Кипр пуштибонӣ мекунанд. Аз замони юриши туркҳо ба шимоли Кипр дар соли 1974 Пападопулос аз хешовандонаш канда шудааст.
XS
SM
MD
LG