Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои Амнияти СММ вазъи Косоваро баҳс мекунад


Дирӯз бо хоҳиши Русия дар пушти дарҳои баста ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ доир шуд. Русия мехоҳад истиқлоли Косова аз эътибор соқит шавад.
Ҳамчунин дар сӯҳбат бо хабарнигорон сафири Русия дар СММ Виталий Чуркин изҳор намуд, ки Русия ва Сербия дархост намудаанд,к и рӯзи душанбе дар ҷаласаи Шӯрои Амният президенти Сербия Борис Тадич ширкат варзад. Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳороте пахш намуда, таъкид кард, ки эъломи истиқлоли Косова нимҷазираи Балканро бо хатари низои нав мувоҷеҳ мекунад. Русия аз пуштибонҳои Сербия буда, шадидан мухолифи соҳибистиқлолии Косова мебошад.
XS
SM
MD
LG