Пайвандҳои дастрасӣ

Вокуниши Белград ба эълони истиқлоли Косово


Сербистон эълом дошт, ки истиқлоли Косоворо эътироф нахоҳад кард. Борис Тадич, раиси ҷумҳури Сербистон ба думболи эълони истиқлол аз сӯи порлумони Косово гуфт, ки бо роҳи демократӣ барои лағви ин санад талош хоҳад кард. Воислав Коштунитса, сарвазири Сербистон Косоворо “кишвари тақаллубӣ” номид ва интизор меравад, ки ӯ дар робита ба эълони истиқлоли Косово ин бегаҳ паёме нашр кунад.

Имрӯз ҳамчунин Русия тақозо кард, ки барои машварат оид ба вазъи ба вуқуъпайваста нишасти оҷили Шӯрои амнияти Созмони милал даъват шавад.

XS
SM
MD
LG