Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Косово истиқлоли худ аз Сербистонро эълон кард


Косово истиқлоли худ аз Сербистонро эълон кард. Ин тасмим дар нишасти фавқулоддаи порлумони Косово гирифта шуд. Ҳошим Тачӣ, сарвазири Косово тарҳи эъломияи истиқлолро дар назди вакилон қироат кард ва порлумон аз ин тарҳ пуштибонӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки аз ин пеш раиси ҷумҳур Фатмир Сайдиу зимни зиёрат аз оромгоҳи раҳбари пешини Косово Иброҳим Ругова дар Приштина тайид кард, ки дар ин нишасти порлумон истиқлоли Косово эълон мешавад ва ба ин васила сафҳаи комилан нав дар таърихи кишвар боз хоҳад шуд.

Мардуми албанитабори Косово ин лаҳзаҳо ид доранд ва шабакаҳои телевизионӣ наворҳои таҷлили ид дар хиёбонҳои серодами Приштинаро нашр карда истодаанд.

Имрӯз Белград эълом дошт, ки дар сурати эълони якҷонибаи истиқлол аз сӯи Косово алайҳи ин минтақаи ҷудоихоҳ аз таҳримҳои иқтисодӣ кор хоҳад гирифт. Интизор меравад, ки Иёлоти Муттаҳида ва аксар кишварҳои аврупоӣ истиқлоли Косоворо эътироф кунанд.

XS
SM
MD
LG