Пайвандҳои дастрасӣ

Артиш амнияти интихоботро таъмин мекунад


Неруҳои амниятии Покистон баъд аз таркиши маргталабона дар шаҳри Параншинор, ки мунҷар ба ҳалокати тақрибан 40 нафар гардид, дар ҳолати омодабоши оҷил қарор гирифтанд. Дар арафаи интихоботи порлумонии рӯзи 18 феврал беш аз 80 ҳазор низомиён барои таъмини тартибот сафарбар карда шуданд.

Дирӯз як маргталаб худро дар гирдиҳамоие дар канори дафтари Ҳизби мардумии Покистон, ҳизби мухолифи ҳукумат дар шаҳри Параншинор, воқеъ дар марз бо Афғонистон инфиҷор кард. Ба ин ҳизб саврвазири собиқи Покистон Беназир Бҳутто сарварӣ мекард, ки моҳи декабри соли гузашта бар асари ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Равалпинӣ кушта шуд.

XS
SM
MD
LG