Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Косово барои эълони истиқлол омода аст


Сарвазири Косово Ҳошим Тачӣ гуфт, ки ин минтақа барои фардо, яъне рӯзи 17 феврал эълон кардани истиқлол комилан омода аст. Зимни суханронӣ дар Приштина Тачӣ гуфт, ки "фардо дар бунёди кишвари мустақил рӯзи таърихӣ хоҳад буд". Миёни албанитаборҳои Косово рӯҳияи ҷашну тантана ҳукмфармост ва аммо сербҳои минтақа соат то соат нигаронтар ба назар мерасанд.

Сербия ба истиқлоли Косово қатъӣ мухолиф аст. Имрӯз миллатгароҳои серб дар Белград намоиши эътирозиро доир карданд, ки дар он ҳазорҳо нафар ширкат доштанд.

Иттиҳодияи Аврупо ахиран эълом дошт, ки рӯзҳои наздик мустақарсозии неруҳои интизомии худ дар Косоворо шурӯъ хоҳад кард. Шаби гузашта мӯҳлати таъиншуда барои изҳори назар ва эътирози кишварҳои узв ба ин иқдом поён ёфт. Гуфта мешавад, ки ҳудуди 2 ҳазор кормандони пулис, додситонӣ ва додгоҳ дар Косово ҷойгир шуда ба мақоми маҳаллӣ дар мубориза бо помолшавии ҳуқуқи башар, фасоду ришват ва ҷинояткории муташаккил кумак мекунанд.

XS
SM
MD
LG