Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як ҳамла ба Ҳизби мардумии Покистон


Дар Покистон бар асари таркиш дар гирдиҳамоии қабл аз интихоботӣ дасти кам 21 нафар кушта ва тақрибан сад каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Инфиҷор дар шаҳри Параншинор, воқеъ дар марз бо Афғонистон, дар канори дафтари Ҳизби мардумии Покистон, ҳизби мухолифи ҳукумат рух дод. Ба ин ҳизб саврвазири собиқи Покистон Беназир Бҳутто сарварӣ мекард, ки моҳи декабри соли гузашта бар асари ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Равалпиндӣ кушта шуд.

Мақомоти маҳаллӣ ҳадс мезананд, ки теъдоди қурбониёни таркиш дар шаҳри Параншинор шояд афзоиш ёбад.

XS
SM
MD
LG