Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Ал-Қоида" дар Бағдод саркӯб шуд


Нурӣ ал-Моликӣ, сарвазири Ироқ гуфт, ки дар Бағдод ягон мусаллаҳи Ал-Қоида боқӣ намондааст. Ба гуфтаи ӯ, пирӯзӣ аз болои ин созмон дар пойтахт - натиҷаи амалиёти густардаест, ки баъди вуруди 30 ҳазор неруҳои иловагии амрикоӣ сурат гирифт. Ин неруҳо батадриҷ Ироқро тарк мегӯянд ва аммо теъдоди низомиёни амрикоӣ дар он сатҳе боқӣ хоҳад монд, ки соли гузашта буд. Як тан аз масъулини вазорати дифоъи Амрико генерал Картер Ҳам гуфт, ки "эҳтимол дорад, ки тобистони имсол теъдоди неруҳои мо дар Ироқ бештар аз 132 ҳазор бошад, яъне ин ҳамон теъдодест, ки то вуруди неруҳои иловагӣ дар соли гузашта мавҷуд буд".

Қаблан Пентагон эълом дошт, ки то охири соли равон бахше аз неруҳояшро аз Ироқ хориҷ мекунад ва таъмини амнияти бархе аз вилоятҳо бар ӯҳдаи мақомоти амниятии Ироқ вогузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG