Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Буш ба қораи Африқо шурӯъ шуд


Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида сафари панҷрӯзаи худ ба кишварҳои африқоиро аз Бенин шурӯъ кард. Ин нахустин сафари Буш ба қора дар панҷ соли ахир аст. Интизор меравад, ки раҳбари ИМА ҳамчунин аз Танзания, Руанда, Гана ва Либериё дидан кунад. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, Буш бо мақомоти Либериё дар мавриди мустақар кардани ҳайати африқоии неруҳои мусаллаҳи Амрико (AFRICOM) музокирот анҷом хоҳад дод.

Ва аммо ҳадафи аслии сафари президенти ИМА ба Африқо – баррасии масоили марбут ба фасод, фақр ва маризиҳо, аз ҷумла, СПИД ва табларза эълон шудааст. Дар бораи ин ҳадафҳои сафараш дирӯз Ҷорҷ Буш дар як сӯҳбат бо Бан Ки Мун – Дабири Кулли Созмони милали Муттаҳид низ ишора кард. Иёлоти Муттаҳида барои татбиқи тарҳҳои мубориза бо СПИД ва табларза дар кишварҳои африқоӣ беш аз севу ним миллиард доллар ҷудо кардааст.

XS
SM
MD
LG