Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳ ҳалокати Фоссетро эътироф кард


Додгоҳи Иёлоти Муттаҳида ҳалокати сайёҳи маъруф ва миллионери амрикоӣ Стиф Фоссетро расман эътироф кард. Ҳавопаймои Фоссет рӯзи 3 сентябри соли гузашта аз фурудгоҳи аёлати Невада парвоз карда баъди чанд муддат ғайб зад. Ҷустуҷӯи миллионер панҷ моҳ идома кард ва бидуни натиҷа поён ёфт. Додгоҳ далелҳоро, ки тибқи онҳо ҳавопаймои Фоссет суқут кардаст, кофӣ хонд ва ҳалокати ӯро тайид намуд.

Стиф Фоссет асосан бъди он маъруф шуда буд, ки тани танҳо бо ҳавопаймо ва пуфаки бузург гирди сайёраро давр зад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG