Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аслов таваҷҷуҳро ба сармои Тоҷикистон ҷалб кард


Сироҷиддин Аслов, намояндаи Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид зимни суханронӣ дар Маҷмааи Кулли СММ дар чаҳорчӯби баррасии вазъи тағйири иқлим дар олам, аз сармои бесобиқа дар кишвараш ёдовар шуд. Ба иттилоъи Маркази хабарии СММ, намояндаи Тоҷикистон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хостааст, ки талошҳо барои мутобиқшавӣ ба таҳдидҳои табииро пурзӯртар кунад. Ба гуфтаи Сироҷиддин Аслов, ин гуна зимистони сард дар Тоҷикистон дар 50 соли ахир рух надода буд ва ба “бар асари он дарёву дарёчаҳо як баста, теъдоди бузурги қубурҳои обкаш корношоям гардид ва бӯҳрони энерҷӣ ба миён омад”. Ӯ афзуд, ки “бештари корхонаҳои саноатӣ аз фаъолият бозмонда, ҳосили зироатҳои тирамоҳӣ қариб комилан нобуд гардид ва ба боғу токзор зиёни бузург ворид шудааст". Ба гуфтаи намояндаи Тоҷикистон, зиёни иқтисодии зимистони бесобиқа сард садҳо миллион долларро ташкил медиҳад.

Сироҷиддин Аслов аз муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои узви СММ барои кумак ва пуштибонии Тоҷикистон изҳори сипос кард.

XS
SM
MD
LG