Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо неруҳояшро ба Косово мефиристад


Иттиҳодияи Аврупо (ИА) рӯзҳои наздик ба мустақарсозии неруҳои интизомии худ дар Косово шурӯъ хоҳад кард. Шаби гузашта мӯҳлати таъиншуда барои изҳори назар ва эътирози кишварҳои узви ИА ба ин иқдом поён ёфт. Гуфта мешавад, ки авоили ҳафтаи оянда ҳудуди 2 ҳазор кормандони пулис, додситонӣ ва додгоҳ аз кишварҳои гуногуни ИА ва ҳамчунин гурӯҳи мутахассисон аз Иёлоти Муттаҳида, Туркия ва Хорватия дар Косово ҷойгир шуда, ба мақоми маҳаллӣ дар мубориза бо помолшавии ҳуқуқи башар, фасоду ришват ва ҷинояткории муташаккил кумак мекунанд.

Интизор меравад, ки рӯзи якшанбе Косово, минтақаи асосан албанинишин, истиқлоли худ аз Сербистонро эълон кунад. Ва аммо мақомоти Сербистон мухолифи аз ҳайати кишвар берун шудани ин минтақаанд. Мақомоти Косово ваъда доданд, ки риояи ҳуқуқҳои аққалиятҳои миллӣ, аз ҷумла, сербҳоро таъмин хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG