Пайвандҳои дастрасӣ

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар дод, ки Амрико тасмим гирифтааст ба осебзадагони бўҳрон дар ҳаҷми 2,5 миллион доллар ёрии фаврӣ расонад.

Чунонки дар эъломияи сафорати ИМА дар Тоҷикистон омадааст, баъди сармои сахти зимистони имсола ва буҳрони энергетикӣ, ки дар навбати худ ба буҳрони иҷтимоъӣ дар ин кишвар оварда расонид, мардуми Амрико тавассути Ожонсии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ (ОРБИМА) ба аҳолии Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 830 000 доллар кумак расонида истодааст. Маблағи мазкур тавассути ҳамкорони ОРБИМА – ташкилотҳои Наҷоти Кӯдакон, ғамхорӣ ва ҳайати Шафқат барои таъмини одамони муҳтоҷ бо сӯзишворӣ, асбоби гармидиҳӣ, сарулибос, лавозимоти хоҷагидорӣ ва хизматрасонии тиббӣ равона мешавад.

Илова бар ин, Департаменти давлатии ИМА зиёда аз 259 000 вояи хӯроки якрӯзинаи башардӯстонаро ба Тоҷикистон равона кард. маблағи умумии ин вояҳо бо харҷи ҳамлу нақли он 1,6 миллион доллар мебошад ва, ҳамин тавр, маблағи умумии кумаки башардӯстонаи ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон наздик 2,5 миллион долларро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумоти дафтари Созмони миллали муттаҳид (СММ) оид ба ҳамоҳангсозии масоъили башардӯстона, аз моҳи январи 2008 ба инсӯ сармои шадиду омилҳои иҷтимоъиву иқтисодӣ ба норасоии озуқаворӣ, маҳдудияти нерӯи барқ, зарар ба соҳаи кишоварзӣ ва системаи обтаъминкунии Тоҷикистон оварда расонд. Мувофиқи ҳисоби Барномаи умумиҷаҳонии озуқавории СММ ва дигар ҳамкорони байнулмилалӣ норасоии озуқаворӣ ба зиёда аз 500 000 одам таъсири манфӣ расонида истодааст ва 260 000 нафари онҳо ба кумаки бетаъхир ниёз доранд.
Дар эъломияи мазкур ҳамчунин омадааст, ки кумаки бетаъхир ба маблағи 2,5 миллион доллар ин илова ба кумаки мунтазами ИМА барои дастгирии ҷомиъаи муҳтоҷи Тоҷикистон мебошад ва он 8,5миллион доллари тавассути барномаи ”Озуқаворӣ барои сулҳ” пешниҳодшударо дарбар мегирад.
Ҳукумати ИМА ҳамчунин изҳори омодагӣ кардааст, ки дар ҳолоти зарурӣ дар оянда низ ба мардуми Тоҷикистон кумак расонад.
Лозим ба тазаккур аст, ки дар давоми наздик ба 50 сол мардуми Амрико тавассути ОРБИМА ба тамоми кишварҳои муҳтоҷи ҷаҳон кумаки иқтисодиву башардӯстона
мерасонад.
XS
SM
MD
LG