Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯшиши худсӯзӣ дар назди Кохи президенти Тоҷикистон


Як зани тоҷик талош кардааст, худро дар назди қасри раёсатҷумҳурии Тоҷикистон оташ занад. Шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, кормандони милиса тавонистаанд, аз ин амал пешгирӣ кунанд ва ӯро ба шӯъбаи милиса интиқол диҳанд. Дар ҳоле ки мақомоти расмӣ аз додани ҳама гуна маълумот худдорӣ мекунанд, манобеъи ғайрирасмӣ гуфтаанд, ин зан ба нишони эътироз аз ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мехост худкушӣ кунад, ки шавҳари ӯ, Бобоҷон Амировро ба шаш соли зиндон маҳкум кард. Хабаргузории Азия-Плюс менависад, Амиров ҳангоми ҳифзи оилаи худ аз зӯроварии кормандони милиса боздошт ва маҳкум шудааст. Вай дар хобгоҳе мезист, ки мақомоти давлат ба ихтиёри Вазорати умури дохилӣ дода, ҳамаи бошандагони онро ихроҷ кардаанд.
XS
SM
MD
LG