Пайвандҳои дастрасӣ

Талафоти ҷонию молии Афғонистон аз сармо


Сармо ва барфкӯч дар Афғонистон 926 нафарро ба ҳалокат расонд. Ними ин ҳодисаҳо дар ғарби кишвар ба вуқӯъ пайвастааст. Шумори ҳалокшудагон танҳо дар вилояти Ҳирот наздик ба 500 нафар мебошад.Мақомоти афғон мегӯянд, талафоти дигар аз тахриб шудани 833 манзил ва ҳалокати 316 ҳазор сар чорпо иборат аст. Ба гуфтаи ҳавошиносон, мардуми Афғонистон бо шадидтарин сармои дар даҳ соли охир рӯбарӯ мебошад.
XS
SM
MD
LG