Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гуфтушунидҳои тиҷоратии Аврупо ва Русия


Иттиҳоди Аврупо аз Русия хостааст, дар роҳи ҳамоиш бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар навбати аввал бо Иттиҳоди Аврупо пайвандҳои қавитар пайдо кунад. Масъули тиҷоратии Иттиҳоди Аврупо, Питер Манделсон, ки ҳоло дар Маскав бо мақомоти Русия гуфтушунид дорад, имрӯз ба хабарнигорон гуфт, масъалаҳои узвияти Русия дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ва ҳамкориҳои энержии Маскав бо Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ кардааст. Вай меафзояд: "Рости гап, мо мехоҳем, Русия узви Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат бошад. Ин яке аз калонтарин иқтисодҳои хориҷ аз созмон аст -- ҳам аз лиҳози андоза ва ҳам аз лиҳози аҳамият. Суди ин узвият ҳам ба Русия хоҳад расид ва ҳам ба шарикони тиҷоратии он." Дар ҳоле ки ҳукумати Русия хостори узвияти ин кишвар дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат аст, доираҳои миллатгарои он чунин узвиятро хилофи манофеъи миллии Русия мешуморанд.
XS
SM
MD
LG