Пайвандҳои дастрасӣ

Боздид аз як кӯдакистони Душанбе


Кӯдакони ин кӯдакистон танҳо як утоқи гарм доранд, ки он ҳам бо бухорӣ гарм карда мешавад

Кӯдакони ин кӯдакистон танҳо як утоқи гарм доранд, ки он ҳам бо бухорӣ гарм карда мешавад

Замоне ки, мо ба кӯдакистони рақами 18-и ноҳияи Синои пойтахт омадем, муррабиёну кӯдакон ҳама дар як утоқ гирд омада буданд, зеро он гарм буд.

Моро мудири ин кӯдакистон Мевагул Раҳмонова пешвоз гирифт ва ба утоқи гарми кӯдакистон ишора намуда гуфт, аз падару модарони кӯдакон пул ҷамъ намуда, барои гармии ҳуҷраҳои ин кӯдакистон ва он ҳам яке аз ҳуҷраҳои ин кӯдакистон бухорӣ дуруст кардаанд, ки бо ангиштсанг гарм мешуд. Вай афзуд, вақте, ки мо манқали кумуриро насб кардем, ҳамаи кӯдакон ба кӯдакистон омаданд. Падару модарони онҳо бисёр хурсанд шуданд, ки мо дар кӯдакистон ҳамин гуна шароитро муҳайё кардем. Барои он, ки аз камбуди маводи сӯхт танқисӣ накашем, мо 18 тонна ангишт харид кардем.

Дар ин кӯдакистон 150 кӯдак фаро гирифта шудааст. Масъулини кӯдакистон ҳамаи кӯдаконро дар як ҳуҷра ҷамъ оварда буданд. Садои баланди кӯдакон ҳуҷраи тангро пур мекард. Аммо онҳо имкони бозӣ кардан ва ёрои ҷумбиданро надоштанд. Дар ҳамин ҳол ҳуҷраҳои дигари ин кӯдакистон, аз қабили ҳуҷраи хобу ошхонаҳояш сард буданд.

Аммо Наргис Ҳукуматова, яке аз муррабиёни кӯдакистони мазкур, гуфт, агар онҳо ҳамин як ҳуҷраро ҳам бо оташдон таъмин намекарданд, эҳтимол дар сардии шадиди имсола ин кӯдакистон баста мешуд.

Гавҳар Давлатова, модари яке аз кӯдакон, бо хушҳолӣ иброз дошт, ки ҳамин як ҳуҷраи гарми ин кӯдакистон аз хонаи сард ва бебарқи ӯ беҳтар аст. Вай гуфт, «аз хонаҳоямон дида шароити дар инҷо хуб аст. Саҳар инҷо меоем, ман худам инҷо гарм мешавам, баъд ба мактаб меравам. Ман муаллима шуда кор мекунам».

Алъон дар кӯдакистонҳои шаҳри Душанбе дар як шабонарӯз 5 соат саҳар ва 5 соат шабона барқ интиқол меёбад, ки барои таъмини гармию рӯшноии онҳо кифоят намекунад.

XS
SM
MD
LG