Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сербия мегӯяд, истиқлоли Косоворо ҳаргиз намепазирад


Сербия ба Шӯрои амнияти Созмони Милал гуфт, ҳаргиз истиқлолияти Косоворо ба расмият нахоҳад шинохт. Вазири умури хориҷии Сербия, Вук Йеремич, дар ҷаласаи фавқулодаи Шӯрои амният эълом дошт, кишвараш ҳамаи василаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва дипломатииро корбаст мекунад, то аз ҷудо шудани Косово пешгирӣ намояд. Аммо ӯ ваъдаи қаблии Сербияро такрор кард, ки Белград дар ин роҳ аз нерӯ истифода нахоҳад кард. Интизор меравад, дар рӯзҳои наздик сарони албанитабори Косово истиқлолияти ин вилоятро аз Сербия эълом хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG