Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давраи бозомӯзии хабарнигорони варзиш


Дар давраи бозомӯзии хабарнигорони риштаи варзиш, ки рӯзи ҷумъаи 15-уми феврал дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон шурӯъ шуд, намояндагони расонаҳои хабарӣ аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат доранд.

Раиси Анҷумани хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзуллоҳи Латиф ба сомонаи интернетии Радиои Озодӣ гуфт: «Давраи бозомӯзии хабарнигорони риштаи варзиши кишвар дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузор шудааст. Ҳадафи давраи бозомӯзӣ, ки барои чаҳорумин бор доир мешавад, баланд бардоштани сатҳи касбии хабарнигорони соҳа мебошад.»

Бар асоси барномаи давраи бозомӯзӣ хабарнигорон, ҳамчунин, бо раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев ва муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ Алимаҳмад Мирзоев мулоқот карда, ба суолҳои худ дар робита ба вазъи кунунии варзиш дар кишвар ва ҷараёни омодагии варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Пекин - 2008 посух гирифтанд.

XS
SM
MD
LG